ҚАДРШИНОСӢ БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мудири шуъбаи тарбия Хайёмиддин Исмоилов бо Медали ҷашнии 30-солагии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд. Ин қадршиносӣ ҳамчун нишони эътирофи саҳми арзандаи ӯ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва фаъолияти пурсамараш маънидод мегардад.
Зикр карда шуд, ки Хайёмиддин Исмоилов бо масъулиятшиносӣ, кордонӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ тавонистааст дар миёни ҳамкорон ва ҷомеаи донишгоҳӣ мақоми шоиста пайдо намояд. Мукофоти мазкур на танҳо натиҷаи заҳмати ӯст, балки илҳоми тозае барои густариши фаъолиятҳои ҳизбӣ, омӯзгорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ Хайёмидин Исмоиловро ба ин дастовард самимона табрик гуфта, дар ҷодаи меҳнат, ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои минбаъдааш барору муваффақиятҳои нав таманно доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил