​ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ НАВИ ИЛМӢ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тантанавии ҷамъбасти фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ баргузор гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва омили асосии пешрафти давлату ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар рафти чорабинӣ аз фаъолияти илмии Донишгоҳ дар соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ дастовардҳои назаррас ба даст омада, 58 рисолаи илмӣ ҳимоя ва аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Аз ин шумора 4 рисолаи докторӣ, 10 рисолаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 44 рисолаи номзадӣ мебошанд. Аз ҷумла, 9 рисола ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ рост меояд. Теъдоди Шурои диссертатсионӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи олии аттестатсионӣ ба 10 адад расонида шуд, ки барои рушди фаъолияти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти табъу нашр низ дастовардҳои арзанда ба қайд гирифта шуданд. Давоми соли 2025 аз ҷониби шуъбаи табъу нашри донишгоҳ зиёда аз 70 номгӯй китоб ба нашр расидааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода аз саҳми арзишманди олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон дар рушди илм ва таҳкими нуфузи илмии муассиса ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дастовардҳои илмӣ минбаъд боз ҳам афзун гардида, Донишгоҳ мавқеи худро ҳамчун маркази муҳими илмӣ ва таълимии кишвар таҳким хоҳад бахшид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода зимни суханронӣ саҳми олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони Донишгоҳро дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи илму маориф муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки рушди тафаккури илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аз ҳадафҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ низ аз дастовардҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳ ёдовар шуда, нақши муассисаро дар тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва рушди иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа назаррас арзёбӣ намуд.

Дар маҷмуъ, дар фазои тантанавӣ 148 нафар устодон ва донишҷӯён барои дастовардҳои назарраси илмӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки чорабинии мазкур ба муносибати ҷашнҳои муҳими давлатӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040), инчунин Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва Рӯзи илми тоҷик доир шуд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ