Каҷбофию каҷсозӣ!!!
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар фарди беҳунару соҳибҳунар даст ба эҷод мезанаду аксарияти онои аз меъёрҳои одобу ахлоқ бехабаранд. Хаёлоти беасоси иғвоангезиву дасисабозиро анҷом медиҳанду андешаю масъулияти дарк карда наметавонанд. Аҷиб он аст, ки ин палидони пучмағзро ҳаводорони бадзот пайдо мешаванд, ки лайкгузориву шарҳдиҳии беақлона мекунанд. Оқибати ин амалҳои разилонаи онҳо барои ноором сохтани ҷомеаи орому амонӣ ва ба доми фиреби худ кашидани баъзе соддалавҳони беандеша мебошад, ки далолати муғризу нокас будани ин то.фаи ифротзадаро ишора мекунад.
Шиносоӣ бо маводҳои “Ислоҳ, нет”, ки воизи доимии он симои дилбазаншудаи Иқболбии “шӯҳратёр” аст, боиси нороҳатӣ, қаҳру ғазаби фардони солимақл мегардад. Зеро, ин ҳамҷинсгарои палид аз ҳар қазияю воқеияти ҷомеаи мутамаддини кишвар ҳангомаеҳо сохтанӣ мешавад, ки пурра аз каҷфаҳмӣ, қаҷдилӣ, каҷбинӣ ва беақлии ин балозада шаҳодат медиҳад. Хусусан, сарлавҳаҳои воҳиманоки бофта месозаду ҳамаи воқеиятҳои таърихиро чаппа талқин медиҳад. Исботи ин андешаҳоро метавон дар маводи “Иҷлосия ё ифлосия” ва амсоли онҳо дарёфт.
Иқболбии аблаҳро андозаи сиёҳдиливу риёкорӣ то дараҷае боло рафтааст, ки ба яке аз муқаддастарин саҳифаи таърихи навини соҳибистиқлолии тоҷикон – Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсози давлатамон бо назари макру маломат ва бадандешӣ нигоҳ мекунад. Иқтибосҳо аз ҳар сарчашмаҳо овардаву ононро аз доираи мафкураи тангаш таҳлилсозӣ мекӯшад, ки моил ба фиребгариву қаллобист. Гӯё, баргузории иҷлосияю маҳз дар Хуҷанди бостонӣ ташкил гардидани он фишори неруҳои манфиатдори хориҷӣ бошаду тарроҳи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд?!.
Ин оқипадари лаънатӣ андеша намекунад, ки моҳҳои сентябр – октябри соли 1992 – юм мардуми минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштанду гуруснагӣ мекашиданд ва ин натиҷаи тарроҳии наҳзатиёни палид буд. Баъдан, Эмомалии ҷавон роҳбари як хоҷагӣ буд, ки мардумаш ба ӯ ҳамчун ғамхору хайрандеш эътиқод доштанд. Кӯшиши аз гушнагӣ раҳо кардани мардумро мекарду мардонавор роҳи муқовимат бо одамкунони наҳзатӣ меҷуст. Кай вақт дошт, ки андешаи мансабу давлатдорӣ кунад. Баръакс, наҳзатиёни бедин тарҳи кашидаи хоҷагони худро нақшофарӣ мегарданду ба куштору ғорат даст зада буданд.
Ҳаромзадаи Иқболбии ноҷинс таъкид мекунад, ки ба пойтахти давлат – шаҳри Душанбе хатари гуруснагӣ ва вабо таҳдид мекард. Гӯё маҳз аъзои Фронти халқӣ роҳҳои Душанберо баста бошанд?!. Намедонам, ки Иқболбии буздилу маймунриш ҳамон давраи тирамоҳи соли 1992 – юм дар куҷо буд, вале шоҳидони воқеии он давра хуб медонанд, ки муҳосираи Душанбе амали наҳзатиёни палид буду навбат ба харидории нонро бо автомат идора мекарданду бо мошинҳои калон нони пухтаро дар назари мардум ба куҷоҳо мекашониданд!?.
Иқболбии худобехабар магар намедонад, ки сабабгори муҳосираи Душанбе кистанд? Истодагарии мардуми пойтахт ва азобу машаққати онҳоро ӯ дидааст? Ҳатто дарк карда наметавонад! Ҳол он, ки мо 7-10 нафар сокинони Душанбе, аз ҳар маҳалу ҳар миллат ҳамарӯза сари як дастархон будем, ёфтаи худро бо ҳам медидем. Баъди воқеаҳои 24-25 октябри соли 1992 – юм маҳз палидони наҳзатӣ, даъвати ноӯҳдабароёнаи А.Искандаров буд, ки мурдаҳои дар кӯчаҳои шаҳр хобидаро ҷавонони сиҳоҳбадасти ба ном “ҷавонони озодихоҳи бадахшонӣ” намемонданд, ки гирему ба хок супорем. Вабо агар сар мезад, аз ин бедодгариҳои силоҳдорони наҳзатӣ оғоз меёфт. Пас кӣ тарроҳ будаасту кадом нақшро кӣ мебозидааст?!.
Интизории бесабронаи Иҷлосияи XXVI- ум, тамошои дастаҷамъонаи ҳамсоягон, баҳсу мунозираи баромадҳои вакилони мардумӣ, умедворӣ аз натиҷаҳои мусбат баъди нокомиҳои гуфтушунидҳои ҷонибҳо ва эҳсосони дигар фарогири сокинон буд. Дар хотир дорам, ки як нафар бародарони ҳамнишинамон, ки зодаи водии Рашт буд, бо самимияти шукронаву арзи сипос ба вакилон изҳор мекард, ки номзади арзанда, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ пешбарӣ ва интихоб карданд. Зеро, ӯ побанди ягон ниҳоду гурӯҳ набуда ғурури баланди миллӣ дораду ҷасуру нотарс аст. Ҳаёти баъдинаи мардуми тоҷик исбот намуд, ки ҳақиқатан ҳам интихоб оқилона будааст.
Палидони наҳзатии ифротзада бо даҳони бадбӯй ва бадгӯи воизи доимиашон Иқболбии ҳамҷинсгаро Иҷлосияро табаддулот эълон дошта чӣ мақсад доранд?. Муғризони палид фаромӯш кардаанд, ки баъди баимзорасии Созишномаи истиқрору сулҳ ва ризояти миллӣ, авфу гузашти ҳамаи амалҳои то он давра пӯшида ва саҳифаи нави давлатдорӣ кушода шуд. Чӣ сабаб аст, ки боз “коҳи кӯҳнаро бод додани” Иқболбӣ ҳоҷат омадааст?. Ин номардони наҳзатӣ нияти бади муғризонаашон ошкор карданианд?. Ҳамагон хуб медонанд, ки бо ҳидояти роҳнамоиҳои хоҷагони маблағгузори хоричӣ низоми давлатдории Тоҷикистонро соҳиб гашта чун ғуломи мутеъ Ватани маҳбубамонро ба ихтиёри хоҷагони аҷнабӣ доданианд!
Ба мақсадҳои нопоки худ расида натавонистанду бо алам қасди маломат доранд. Зеро, маҳз матонату қавииродагӣ, ҷасорату садоқат ва дурандешию хирадмандии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки нақшаҳои тарҳрезишудаи маккорони касифи наҳзатӣ барбод ёфту дар кишвари биҳиштосоямон фазои орому осуда, сулҳу амонӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Мардуми тоҷик дигар фирефтаи суханбофиҳои наҳзатиёни хунхору хунмак нахоҳанд шуд ва сарҷамъу якдилона сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ менамоянд ва бо иғвоангезу дасисабозии наҳзатӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд.
Манаҳат афтаду даҳонат баста бодо
Иқболбии танфурӯши ҳамҷинсгаро!
Марг ба палидони ифротзадаи наҳзатӣ!
Ҳамду сано ба мардуми солимандешу соҳибхирадии роҳбарияти олии кишвар!
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”