Кабирии шарманда!
Фарди бевиҷдону бехирад дарк карда наметавонад, ки ба амалҳояш аллакай ҷомеа баҳои ҳаққонӣ додааст ва дигар суханҳою ҳаракатҳояш барабас хоҳанд рафт. Вале,чи тавр ин воқеиятро ба ӯ фаҳмонид? Мумкин аст, ки табибе дармонбахши ин беморӣ пайдо шавад?!
Дар талвоса афтодани Муҳиддини Кабирии муртад ҳангоми аз ҷониби мақомотирасмии Федератсияи Руссия мамнӯъ эълонгардидани ҳизби ифротии нахзати Ислом хеле ҳайратангез аст. Иниблиси одамсимо бо афту башараи хунук ба Президенти Россия В.В.Путин, ҳатто ба унвони Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат намуда худро ва ҳаммаслакони палидашро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, манъ нагардидани фаъолияти ҳизби касофаташропуштибонӣ кардааст. Худро мутафаккир пиндошта эҳтироми ҳамтӯдаҳояшро ба арзишҳои олии инсонӣ ва ҳам мардуми Россия изҳор доштааст. Наход надонад, ки тамоми амалҳои ифротомези ҳизби бадномаш дар қаламрави Россия аллакай муайян ва таҳқиқ шудааст!? Боз дурӯягию думбозӣ мекунаду мехоҳад ҳақиқатро рӯпӯш кунад?
Ҳой палиди муртад!Ба хотир ору андеша намо ту кистӣ ва чӣ амале доштию дорӣ? Барои кадом кирдору рафторат касе аз мақомотҳои расмии давлатӣ, бофтаҳои бардуруғи туро шунаванд!? Охир, худату ҳампаҳлӯҳои ноҷинси наҳзатӣ буданд, ки ҳазорон муҳоҷирони мардикори тоҷикро гумроҳу ифротзада кардедуозими ҷанги Сурия гардонидед? Канӣ кош мурдаҳои ононро соҳибӣ мекардед! Не, фақат гумроҳ кардеду аз канор тамошои бадбахтии ононро доред! Агар наҳзатиён Инсон мебуданду мардонагӣ медоштанд, аввал ба Ватани аҷдодӣ бармегаштанду гуноҳи азимашонро бо ободкориву созандагӣ, каме бошад ҳам мешустанд. Аммо, то ҳанӯз ба сӯи хоки гӯри падару модарашон сангандозӣ мекунанд! Магар чунин тоифаро одамӣ хондаву суханҳояшро шунидан равост?
Мусаллам аст, ки бо дарки воқеияти ҳол мақомоти расмии Россия фаъолияти ҳизби наҳзатро мамнӯъ эълон намуд, ки ҳазорон нафар мардуми оддиро аз гумроҳшавӣ бозмедорад. Лекин, чоплусони наҳзатӣ ин воқеиятро дарк карда наметавонанд. Бояд донанд, ки умри ҳизб кайҳо ба охир расидаасту дар симои Кабириву ҳамтӯдаҳояш наҷосати ҳизби балозада боқӣ мондаасту халос!
Русиёҳии сиёҳдилони наҳзатиро бо сардории Кабирии фосиқи мазҳабу ватанфурӯш илоҷи ягона баргаштан ба Ватани падариву тавба кардан дар назди мардуми поккор мондааст. Вагарна, мурдаи онҳоро зоғони сиёҳи Аврупо ва ҳам лошахӯрони пасипардагӣтӯъма хоҳанд кард. Аслан, бало ба паси ин ҳаромзодагон ! Беҳтараш фардони солимақлро зарур аст, ки нерӯи мавҷудаи худ ба созандагию ободкории ҳамарӯзаи кишвари биҳиштосо равона намоянд.
Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”