​Кабирии нохудо

Тӯдаи худобехабарон зери парчами ҳизби наҳзати ислом мардуми зудбоварро даъват карданду роҳи фиребу найрангро ба кор бурданд. Оқибат сирри ин ҳаромзадагон фошу рӯё гардиду оламиён огоҳ аз бадниятиву сиёҳдилии онҳо шуданд. Дар натиҷа гурӯҳ-гурӯҳ одамон узвият ба ҳизби номбурдаро хато бишморида онро тарк карданду ҳизб низ нобуд гашт. Вале, тӯдаи роҳбарони мазҳабфурӯши худозадаи ҳизб бо дастуру маблағгузории хоҷагони аҷнабӣ созмони ифротгарои худро ба “Паймони миллӣ” табдили ном кардаанду дар асли худ, ҳамчун палидони маккор боқӣ монданд. Зеро, ба онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопок сохтори муттаҳидсоз бошад бас буд. Инак, имрӯзҳо ин тӯдаи мунофиқони фосиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона ба тарғиби бӯҳтону дасисаҳои нав ба нави ифротӣ пардохтаанд.

Шиносоӣ бо амалу гуфторҳои наҳзатиёни палид дар фазои иттилоотӣ бори дигар исбот менамояд, ки ин муғризони касофатзада то кадом дараҷа манфуру қабеҳмиҷозанд. Дур аз Ватани аҷдодӣ, ватангадоанду бо риёкорӣ ба ҳаёти дохили кишвари соҳибистиқлол санги маломат ҳаво медиҳанд. Аз ҳар лаҳзаҳои ночизи ҳаёти ҷомеа, чун кампирзани афсонавӣ чирк мекобанду онро чун ҳодисаитақдирсоз маънидод ва воҳиманокмесозанд. Хӯрдагириҳои пайвастаи наҳзатиёни нокоми палид бар амалҳои роҳбарияти олии кишварамон ва дастовардҳои бемисли ҷомеа дар заминаи бахиливу ҳасуд, нотавонбиниву бадкинагӣ ва амсоли онҳо сифатҳои зишт суръат мегирад, ки шаҳодати муғризу палид будани онҳост. Бар замми он, ин тӯдаи ифротгаро нафари фосиқи гузаро – Кабирии мазҳабу ватанфурӯшро ба худ доҳӣ шуморида аз ӯ мафкурасози ҷомеа метарошад.

Таърихи начандон дур исбот намудааст, ки Кабирии маккору рӯбоҳмиҷоз кист ва ин зочаи худсохти кадом хоҷагони пасипарда мебошад?! Мардуми кишвар хуб медонанд, ки ин бадбахтонро мақсаду маром чист! Ғояҳои ифротиро кишт кардани Кабирӣ ба чӣ хотир аст? Агар, алҳол ба Кабирии муртад нафаре аз соҳибкорони муваффақи кишвар маблағе пешниҳод созанду бо ӯдар андозааш ба мувофиқа оянд, шояд ин ҳаромзада ҳамаи думравони чоплуси ландаҳури худробо осонӣ фурӯшад!? Танҳо мебояд аз хоҷагонаш барканаду бар ситоиши маблағгузорони наваш пардозад. Зеро, дини мубини Исломро ниқоби ҳизб кардану мардумфиребиаш ба ҳамагон маълум гаштааст.

Кабирии дурӯяи маккор, ки бо ивази маблағ Ватану мазҳаб дигар кардааст, метавонад бо осонӣ ба сӯи дигар моил шаваду ҳамсафони худ фурӯшад. Дар ин ҳолат нафарони нонкӯре, ки дар Тоҷикистон истода ба ӯ маълумоти ғаразнок медоданд, чӣ кор мекарда бошанд?

Бало бар паси наҳзатиёни имону Ватангумкардаи аблаҳу ахмақ!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. – дотсент, деканифакултети геоэкология ва туризми МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ