Кабирӣ, калимаи “Тоҷикистон”-ро ба забон нагир!
Сӯҳбати онлайнии роҳбари ПМТ Муҳиддин Кабириро шунида мехоҳам фикри худро чунин иброз дорам, ки Кабирӣ - ин шахси ватанфурӯшҳақ надорад, ки калимаи “Тоҷикистон”-ро ба забон гирад, нисбати Тоҷикистон сухан кунад, ба вазъияти Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳо диҳад.
Кабирӣ нисбати Сарвари муаззами миллат низ суханҳои бӯҳтонагез гуфтааст, ки тӯҳмати беасос аст, ӯ ба хубӣ медонад, киҳамаи ободкориҳои Тоҷикистон ба туфайли ҷонбозиву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ арзандаи мақоми Президентист, ки халқи тоҷик ба хубӣ медонаду таҳсину офарин мехонад.
Дар ин рӯзгоре, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ мисли Кабирӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, аз тӯфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошанд. Мо миллати тоҷик фахр мекунем, ки зодаи ин сарзаминем ва чунин Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат ҳастем.
Кабирӣ набояд аз хотир барорад, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари муаззами миллат барои пойдории сулҳу амонӣ дар ҷаҳон ҳамвора кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Мехоҳам гӯям, ки ба ғайр аз кушишу ғайрат барои аъзои фаъоли ҷамъияти муосир шудан боз ҳаракат, нотарсӣ, боварии комил ба ояндаи дурахшон лозим аст, ки ҳамаи ин хислатҳо барои мо халқи баору номуси тоҷик хос аст.
Мо сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯхтаем, аз сиёсати имрӯза огоҳ ҳастем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ задаем ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор дорем.
Ба хубӣ медонем, ки ояндаи миллат ва кишвари азизамон дар дасти мо мебошад. Бинобарон мо пайрави ҳамешагии Пешвои миллат дар роҳи бунёдкории Тоҷикистон мебошем.
Шамил Назарзода