Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Аз рӯи маълумотҳои охирони расонаҳо маълум гардид, ки марзбонони Қирғизистон бо ҳар гуна баҳонаҳои беасосу худбофта ба марзи Тоҷикистон оташ кушода, оромии бошандагони наздисарҳадии Ватанамонро халалдор карда истодаанд.

Ҳамаи мо медонем, ки дар байни сиёсатмадорони воломақоми ду кишвар шартномаҳо баҳри нигоҳ доштани дӯстиву оромӣ баста шудаанд ва мо риоя карда истодаем.

Рафтори сарҳадбонони Қирғизистон ба тамоми меъёру қонунҳои байналмиллалӣ мувофиқ набуда аз нуқтаи назари инсонӣ ва ҳамсоядорӣ нодуруст мебошад.

Зеро сарҳадбонони Қирғизистон на танҳо зарари моддӣ балки талофоти ҷониро низ расонида истодаанд, ки ин нобахшиданист.

Ҷониби Тоҷикистон роҳи оромиву осоиштагӣ ва амнияти минтақаро пеша намуда,талош ба он дорад, ки масъалаи ба вуҷуд омадаро бо усули дипломатӣ ва созиш ҳалли худро дарёфт намояд.

Аммо онҳо некиву дӯстӣ ва таҳаммулпазирию росткориро дида наметавонанд ва ба амалҳои мусаллаҳона даст зада оқибати кори худро фикр надоранд.

Дар расонаҳои гуногуни ахборӣ маълумоти бо дигар кишварҳои минтақа дар муноқиша қарор гирифтани Қирғизистон оварда шудааст, ки ин дарак аз нодуруст ба роҳ мондани муносибатҳои бисёрҷабҳаи ҳамсоядавлат мебошад.

Дар фарҷом гуфтанием, ки ба ин амали муноқишаҷӯию носозгории ҳамсоядавлат кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд чашм пӯшанд, балки роҳи ягонаю дурустӣ гуфтушунидро истифода бурда дар заминаи ягдиливу созиш ва оромиву осоиштагӣ бисёртарафа ҳал намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ