​Изҳорот нисбати рафтори ифротгароёнаи сокини шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир

Дар сомонаҳои интернетӣ навори камераи мушоҳидавӣ, ки дар он сокини шаҳри Хоруғ, роҳбари яке аз гурӯҳҳои муташшаккили ҷинояткор Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир бо зӯри ба бинои Раёсати маорифи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ворид гардида, посбон Мируллоев Шакар ва сардори раёсат Наврӯзов Лутфуллоро латукӯб менамояд, паҳн шудааст. Тавре, ки худи сардори Раёсати маорифи ВМКБ Нарӯзов Лутфулло иброз менамояд, Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, баъд аз латукӯб намудани посбон, ба ошёнаи 4-уми бинои раёсат баромада, аз Наврӯзов Лутфулло кӣ ва аз куҷо буданашро пурсон мешавад. Вақте ки дар ҷавоб Наврӯзов Лутфулло зодаи Тоҷикистон ва ноҳияи Ванҷи ВМКБ буданашро иброз намудааст, ӯро латукӯб ва дар ҳаққи худаш, наздиконаш ва зодгоҳаш дашномҳо намуда, бо таҳдид аз силоҳ маҷбур менамояд, ки бинои Раёсати маорифи вилоятро тарк намояд.

Нисбати Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир прокуратураи ВМКБ аз рӯи чанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла маҳалгароӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушода, ба суроғаи Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир хабарнома барои ба прокуратураи вилоятӣ ҳозир шуданаш ирсол намудааст. Лекин Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир амри мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мадди назар намуда, ба прокуратура ҳозир намешавад.

Аз дидани навори мазкур шахс ба тааҷҷуб меояд, ки чӣ тавр ҷомеа чунин шахсиятҳои ифротӣ, ба монанди Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқирро тоқат карда метавонад. Албатта, боварии комил дорам, ки мақомотҳои дахлдор нисбати шахсияти ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида, адолатро барқарор менамоянд. Лекин дар баробари мақомотҳои қудратӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳои худро нисбати чунин шахсиятҳо иброз намуда, бо ҳамин ба роҳи ифротгаро ва маҳалгаро рафтани насли ҷавонро гиранд. Зеро агар ҷомеа ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ баҳои сазовор надиҳад, насли наврас аз онҳо ибрати манфӣ гирифтанашон мумкин аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ