Изҳорот ба муроҷиатҳои низоъангези мухолифини муҳоҷир дар ВАО нисбати вазъи Бадахшон
Мутаассифона ҷанги иттилоотие, ки соли 2015, яъне баъд аз кӯшиши нобарори гузаронидани табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии генерал А. Назарзода ва аз ватан фирор намудани як қатор аъзоёни ТТЭ ҲНИ оғоз ёфта буд, то ҳол ҷараён дорад. Мухолифин, ки зидди Тоҷикистон як қатор ҷиноятҳои нобахшоянда содир намуда, ба хориҷа, пеш аз ҳама кишварҳои Аврупо гуреза шуданд, дар фазои иттилоотӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтонҳоро паҳн намуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки дар байни ҷомеа тухни низоъ кошта бошанд.
Ман, имрӯз аз youtube наворҳоеро тамошо намудам, ки дар он намояндагони ба ном “Паймони миллӣ”, ки худро ҳамчун қувваи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд, баромад намуда, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорро, ки дар Бадахшон ба як қатор ҷинояткориҳо даст задаанд, ки дар натиҷаи он ҳатто намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ латукӯб ва ҳатто ба қатл расидаанд, дастгири менамоянд. Онҳо воқеаҳоро бо таври худ баррасӣ намуда, бо ин роҳ мардумро ба гумроҳи бурдани ҳастанд.
Яке аз чунин шахсон Алим Шерзамонов мебошад. Ӯ дар баробари аз гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори Бадахшон пуштибони намуданаш, инчунин Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бе асос зери танқид гирифта истодааст. Ин шахс давоми 7 сол инҷониб оид ба оғоз шудани низоъ дар байни роҳбарияти давлат сухан меронад, лекин чихеле ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дохили кишвар зиндаги дорем, шоҳиди он ҳастем, ки ҳамаи ин делелҳои Алим Шерзамонов асоси воқеи надорад.
Дар хориҷа хоинон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, бо ташкил намудани чандин ютубканал кӯшиш намуда истодаанд, ки ба тафаккури тоҷикистониён таъсири манфии худро расонида бошанд. Яке аз чунин ютубканал “Садои мардум” ном дорад. Барандаи ин ютубканал Беҳрӯз Тағойзода мебошад. Ҳангоме ки ба ин канал даҳҳо тарафдорони ҳукумати Тоҷикистон ба тамос мебароянду, аз сиёсати дурандешонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан меронанд, ӯ кӯшиш мекунад ки ба онҳо сухан надода бошад.
Ҳамин тариқ, дар сомонаҳои иҷтимоӣ мухолифини хориҷӣ вазъи кишварро ба таври худ баррасӣ намуда, аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида истодаанд. Мо, ки дар ҳудуди Тоҷикистони азизамон зиндаги дорему, ояндаи мо ва фарзандони мо аз он вобастаги дорад, бояд пайрави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои ифроди байни ҷомеаи солими мо паҳн шуда бошад.
Фаррухи М.