Изҳорот аз рӯи натиҷаи Ҷаласаи хадамоти махсус дар Душанбе

Дар ҳошияи изҳорот аз рӯи натиҷаи Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 20 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе

Ба сари қудрат омадани иттиҳодияи террористии Толибон (дар Тоҷикистон манъ карда шудааст) Афғонистонро метавонад ба гирдоби муҳорибаҳои беохири дохилӣ, макони ифротгароёни исломӣ ва тартиботи давлатдории асримиёнагӣ тела диҳад, ки хавфи басо ҷиддӣ пеш ва беш аз ҳама, хостан ба кишварҳои ҳамсоя хоҳад овард. Маҳз эҳсоси ин хатар боиси дар пойтахти кишвар – Душанбе гузаронидани ҷаласаи хадамотҳои махсуси кишварҳои ҳамсоя гашт.

Бинобар ин вазъи мураккаби Афғонистон, хушунат ва амалҳои террористӣ, ки бино ба маълумоти ВАО ҳар вақт сар мезанад, боиси қурбонии одамони зиёд ва ташвишу тараддуди ҷаҳониён гаштааст, наметавонад ҳар фарди солимфикрро бетараф гузорад.

Ҷавлонгоҳи иттиҳодияи террористии «Давлати исломӣ» гаштани Афғонистон ва дар ду моҳи охир якчанд амалҳои террористӣ аз ҷониби он дар кишвари ҳамсоя сар заданаш гувоҳӣ медиҳад, ки ҳукумати муваққатии Афғонистон амнияти кишварашро наметавонад зери назорат ва идора қарор дошта тавонад. Хосатан ҷалбсозии ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба ин созмони байналмилалии террористӣ боиси хушдорӣ аст.

Дар Изҳорот дуруст қайд гаштааст, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд, ки аз ин пеш аз ҳама сокинони осоиштаи кишвар ҷабру зулм мебинанд.

Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона бо қатъият таъкид карданд, ки танҳо таъсиси ҳукумати инклюзивӣ, яъне фарогири тамоми қавмҳои ҷомеаи Афғонистон метавонад ба сулҳу салоҳ орад.

Иштирокчиёни Ҷаласаи мазкур аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогир қайд карданд, ки манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ дарбар бигирад.

Даъват ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор оид ба ҳалли қазияи Афғонистон кори воқеан саривақтӣ ва дуруст аст, ки дар сатҳи машварати ҷаҳонӣ дар муносибат ба Афғонистон роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд.

Умед аз, ки кишварҳои ҳавасманд, хостан ҳамсоякишварҳо ва кишварҳои қудратӣманфитаҳои худро як сӯ гузошта, дар ҳалли қазияи Афғонистон тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Комилов К.И. кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ