Ҳизби наҳзати исломӣ: таъсисёбӣ ва таназзул

Таҷрибаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи ташкилотҳои сиёсии исломии арзи ҳастӣ намуда, решаҳои худро дар гуруҳҳои худтаъсиси пинҳонӣ ё нимпинҳонӣ пайдо кардааст.

Ҳанўз соли 1978 дар Тоҷикистон Созмони Ҷавонон таъсис дода шуда буд, ки он пинҳонӣ амал мекард ва роҳбарии онро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба зимма дошт. Яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мусоҳиба бо рўзноманигори «Чароғи рўз» иқрор шуда буд, ки сарварони Созмони Ҷавонон ба таблиғоти фаъол шурўъ намуда буданд. Онҳо бо кўмаки донишҷўёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамуданд, китобҳо ва дастурҳои гуногунро дастрас мекарданд, ба омўзиш ва тарғиб намудани мероси пешвоёни ҳаракати исломӣ: Шайх Ҳасан Банно, Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдулаъло Мавдуди машғул буданд. Ин ба онҳо имконият додааст, ки роҳи худро интихоб кунанд, шаклу усулҳои муборизаро омўзанд.

Минбаъд ин тағйири ном кард. «Бо мурури замон, - қайд намудааст Саид Абдуллоҳи Нурӣ, - мо ба он «Наҳзати Ҷавонони исломии Тоҷикистон» унвон гузоштем, ки ин ном ба ҳамагон писанд омад. Воқеан, номи рўзномаи «Наҷот» - нашрияи ҲНИ аз ҳарфҳои аввали арабиаслу кўтоҳшудаи ин калимот гирифта шудааст ва он як номи рамзист».

Наҳзати ҷавонони исломӣ асоси Ҳизби наҳзати исломӣ гардида буд. 9-уми июни соли 1990 дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия Анҷумани мусулмонони Иттиҳоди Шўравӣ баргузор гардид. Дар он Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шўравӣ таъсис дода шуд. Барнома ва Оинномаи ҳизб тасдиқ ва мақоми олӣ – Шўрои Уламо интихоб гардид.

Иштирокчиёни Анҷуман Давлат Усмонов ва Саидиброҳим Гадоев баъди бозгашт ба Ватан ба Шўрои Олии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки барои гузаронидани конференсияи муассисони минтақаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шўравӣ иҷозат диҳад.

5-уми октябри соли 1990 Шўрои Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор «Дар бораи мактуби Гадоев С. ва Исмонов Д. (Давлат Усмон)»-ро ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он қайди ҲНИ ва фаъолияти ҳизб дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнўъ эълом гашт. Чунки он хилофи Конститутсия ва Қонун «Дар бораи озодии виҷдон дар ҶШС Тоҷикистон», ки дар он бо таври возеҳ навишта шудааст, ки ба ташкилотҳои динӣ иштирок дар фаъолияти сиёсӣ манъ аст, мебошад».

Новобаста ба ин 6-уми октябри соли 1990 гуруҳи ташаббускорон дар масҷиди деҳаи Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) Конференсияи шўъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шўравиро доир намуд. Мувофиқи қарори Шўрои Олии Тоҷикистон аз 14-уми декабри соли 1990 «Дар бораи пешгирӣ намудани фаъолияти ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тибқи қонунҳои ҶШС манъ шуда», ташкилотчиёни конференсия ҷарима карда шуданд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зодаи «демократияи митингӣ»-и ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Маҳз зери фишори митингбозон 22-уми октябри соли 1992 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи бекор кардани баъзе санадҳои Шўрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳизбҳои характери динӣ»-ро қабул кард ва ба ташкил намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозат дод.

26-уми октябри соли 1991 Анҷумани нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар собиқ Хонаи маорифи сиёсии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Анҷуман Муҳаммдшариф Ҳимматзодаро раис, Давлати Усмон ва Саидиброҳим Гадоевро муовинони раис интихоб намуд.

Таъсисёбии ҲНИ аз як тараф иҷрои рисолати ҷомеаи демократӣ бошад, аз тарафи дигар роҳбаронаш баҳри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ кўшишҳои мақсаднок анҷом доданд. Хеле бамаврид аст, ки андешаҳои собиқ муассис ва узви фаъоли ҲНИ Мулло Абдураҳим Каримовро мавриди таҳлил қарор диҳем. Ў менависад: ҲНИ низ аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст, ки баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ нахустин шуда, аз ҳастии худ дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дода буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Аммо, мутаассифона, бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла банда, дар бораи барномаи сиёсии пинҳонпажуҳишхоҳонаи ҲНИ огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Аз ин ҷост, ки мардуми мусалмон ва аз ҷумла, рўҳониён машҳури тоҷик ҲНИ-ро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд, фаъолияташро номашруъ ҳисобиданд. Аммо ҲНИ бар иродаи мардуми мусалмон ва рўҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кўмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. То имрўз ин рақобати рўҳониёни исломи асил бо ҲНИ боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд».

Соли 1992 ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ Тоҷикистонро фаро гирифт. ҲНИ асосгузори ин ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ буд ва бо ишораҳои сохтаи ба ном исломӣ ва бегона ба фарҳангии миллии мо вориди майдон гашт. Омили мазкур ва надоштани ҷаҳонбинии сиёсию маълумоти кофии динии аҳли ҷомеа боиси он гашт, ки душманони миллати тоҷик заминаи ҷанги шаҳрвандиро ба таври комил барномарезӣ ва ҷангро оғоз намуданд.

Дар тақвити ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд».

Аммо дар роҳбарияти ҲНИ шахсоне низ буданд, ки хатоҳою иштибоҳҳояшонро ба гардан мегирифтанд ва аз он дарси сабақ меомўхтанд. Раиси вақти ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода иброз менамояд: «Башар дар корҳояш аз хато ва иштибоҳ наметавонад худро дар амон бидонад. Ҳар касе коре мекунад хато кардани ў аз эҳтимол дур нест. Аз рўи ин қоида мо ҳам худро аз иштибоҳ ва хато маҳфуз намедонем. Ба назари ман иштибоҳҳои асосии мо таҳозуротҳои пай дар пайи соли 1992 буд, ки аҳзоби мардумӣ ва исломӣ онҳоро роҳандозӣ карданд. Инро ман ба он хотир намегўям, ки дар он вақт раиси ҲНИТ будам ва мухолифи чунин таҳозурот, балки аз он ҷиҳат мегўям, ки ҳизби мо тасмим гирифта буд ва қарор ҳам қабул карда буд, ки дигар дар ҳеҷ як таҳозурот иштирок намекунад, вале гурўҳе аз аъзои раёсати ҳизб дар ғиёби раис (ман дар сафари хизматӣ дар хориҷи Тоҷикистон будам) бар хилофи тасмимҳои қаблан қабул карда ҲНИ устод Нуриро барои пайвастан ба таҳозурот мутақоид карданд ва ба таҳозурот ҳамроҳ шуданд. Ман баъд аз ин воқеа дар бисёр мавридҳо ин назари худро иброз доштам»

Боиси таваҷҷўҳ аст, ки дар соли 1992 роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони оппозитсия, умуман қувваҳои солими ҷомеа баҳри ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ дар Хоруғ, Сайёд ва Калинииобод мулоқот доир намуда буданд. Вале ўҳдадориҳои дар ин мулоқотҳо қабулшуда аз тарафи оппозитсия риоя намегардиданд.

Дар моҳи июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ манъ карда шуд.

Тибқи хулосаи таҳлилгарони сиёсӣ ҲНИ аввалан ба ихтилофи рўҳониёни исломӣ, сониян тамоми ҷомеа боис гардид. Бинобарон роҳбарияти ҲНИТ баҳори соли 1993 дар Афғонистон маҷбур шуд, ки ба ҷои Ҳизби наҳзат, Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис намояд.

Аҳли башар шоҳиди он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу амонӣ дар кишварамон аз ҳама воситаҳои сулҳофарин истифода мебурданд. Шаклу усуслҳои ҳамкории сохторҳои давлатиро бо ҳизбу ҳарактҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷустуҷў мекарданд. Яке аз чунин иқдомҳо ба имзорасии Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки онро рўзи 9-уми марти соли 1996 Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони 30 ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба тавсиб расонида буданд. Моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, барои ба даст овардани таносуби манфиату ҷустуҷў ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокдорони Аҳднома Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани ин вазифаҳо як гурўҳ ходимони илм ва фарҳанги мамлакат, роҳбарони оппозитсиониро даъват намуданд, ки ба Аҳднома ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба комёб шудан ба ризоияти воқеӣ дар ҷумҳрӣ ҳамроҳ шаванд. Дар нома аз ҷумла чунин қайд шудааст: «Аз ҳад нагузарем, аз ду ҷониб ҳам гуноҳҳои зиёде содир шудаанд, аммо Ватан яктост ва он Ватани ягона ҳам дар партгоҳи мухлиқ қарор дорад. Пас замони мусоид фаро расидааст то дар чеҳраи якдигар гунаҳкору бадхоҳу душман наҷўем, балки мисли фарзандони як модари бузург ба шифо бахшидани ҷароҳатҳои пайкари ў сари маслиҳат биёем, Ватани ормонии худро бисозем ва дар канори он сар бифарозем, ҳама парешониҳоро пушти сар бигзорем, аз ақсои ҷаҳон дар канори Ватан ҷамъ оем, як рўзи Тавбаи бузурги умумитоҷикӣ эълон намоем ва аз кирдорҳои носавоби худ дар пешгоҳи Худованд тавба кунем ва ба ёдгории он ҳама қурбониёни ин ҳаводиси нангин Муҷассамаи болобаланде бисозем, то имрўзиён ва фардоиён ба он бингаранд ва барои худ панд бигиранд!».

Барои дастрас намудани номаи мазкур ба роҳбарони оппозитсион 5 майи соли 1996 ходимони илму фарҳанг ба унвонии ҷонишини намояндаи хоси муншии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Дарко Шилович бо мазмуни зерин муроҷиат карданд:

«Ҷаноби олӣ!

9 марти соли 1996 дар ҳузури Шумо ва намояндагони сафоратхонаҳо, расонаҳои хабарии хориҷӣ, аҳли ҷамоатчигии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, марказҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва илмӣ «Аҳдномаи ризоити ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Ин иқдоми ҷиддиест барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, таҳкими ягонагии кишвар ва сулҳу ризоият дар Тоҷикистон. Аҳднома бо назардошти талаботи Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иншо шудааст. Дар асоси ҳамин Аҳднома Шўрои ҷамъиятие барпо гардид, ки он ба талаботи мухолифин дар барои ташкили Форуми халқҳои Тоҷикистон низ мутобиқат мекунад.

Аз Шумо, ҷаноби олӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки номаи моро бо матни Аҳдномаи мазкур, ки аз ҷониби сарварони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, илмӣ, муассисаҳои динӣ имзо гардидааст, ба роҳбарияти мухолифини тоҷик расман барои шиносоӣ, баррасӣ ва имзо пешниҳод намоед.

Вале боиси таассуф аст, ки роҳбарияти Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиони тоҷик ин таклифро рад намуд. Дар номаи ҷавобӣ, ки онро роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо намудааст, аз ҷумла омдааст: «Бародарони зиёӣ, агар қазияи Тоҷикистон ва авзои шадиди сиёсию иҷтимоии он, ки ба эътирофи худашон ҳоло дар партгоҳи муҳлик қарор дорад, бо ба имзо расонидани як чунин аҳдномае дар байни тамоми созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳаллу фасл ва беҳтар мегардид. Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик ба сифати як нерўи сиёсию низомии шинохташуда ва фаъол дар қатори дигарон бедаранг ба он имзо мегузошт. Аммо афсўс, ки бо ин содагӣ наметавон ба ҷое расид. Масъалан хеле мушкилтар, доманадортар ва ҷиддитар аз он аст, ки шумо мепиндоред. Дуруст аст, шояд ин аҳднома мушкили шуморо бо ҳукумат ҳал кунад. Зеро шумо бо ҳукумати кунунӣ ҳеҷ гуна мухолифати ҷиддие надоред. Аммо аз нигоҳи мо чизеро ҳал нахоҳад кард».

Новобаста ба монеаҳои сунъиэҷод, марҳилаи тўлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намуданд. Дар асоси Созишномаи мазкур Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.

«Бисту ҳафтуми июни соли 1997, - қайд менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рўйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид.

Дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Ба шарофати ҳамин сулҳу суббот буд, ки мо тавонистем қувваҳои мухталифи сиёсиро ба ҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдориву давлатсозии навини худ оғоз намоем.

Бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон буд, ки мо хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми марҳилаи якум ва дуюми протоколи низомӣ бекор намудани манъи ҳизбҳою созмонҳои шомили ИНОТ-ро муҳимтарин пешрафт дар кори татбиқи сулҳ мешуморид. 11-уми августи соли 1999 Президенти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сар то сари қаламрави мамлакат иҷозат дод.

Ҳамин тавр, ҲНИ аз нав ба ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ворид гардид.

11-уми марти соли 2002 аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни нави Аҳдномаи ризоияти Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

«Аҳдномае, ки бо ташаббус ва дастгирии Шўрои ҷамъиятӣ ба имзо расид ва мўҳлати амали он номаҳдуд эълон шудааст, - қайд менамояд Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, - ифодаи майлу иродаи неки ҳамаи онҳое мебошад, ки барои тақдири ояндаи миллати кишвар, оромӣ ва сулҳу суботи комили ҷомеа масъулияти бузурги муштаракро ба зимма гирифтаанд».

Боиси зикр аст, ки ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ҲНИ низ ҳамроҳ гардид. «Тоҷикистон, - навишта буд раиси ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, - монанди як қолинест, ки онро ба қисмҳо набояд тақсим кард. Ин қолин бояд ободу зебо бошад. Баракати сиёсии давлат ва ҳизбҳо ҳаст, ки дар Точикистон сулҳ шуд. Ман фарҳанги бисёрҳизбиро чунин мефаҳмам, ки сиёсати дурусти Ҳукуматро дастгирӣ кунад, на ин ки ҳизбҳо зидди Ҳукумат мубориза баранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон узвияти худро ба Аҳдномаи ризоияти Тоҷикистон эълон мекунад. Мо ба хотири манофеъи миллат ва ободии мамлакат аз ҳама чиз бояд бигзарем ва мехоҳем Тоҷикистон мамлакати зебо бошад».

Вале баъди вафоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар дохили ҲНИ парокандагии ақидавӣ ҳукмфармо гардид. Роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои Шўрои Олии ҲНИ васияти устодашонро дар бораи мамлакати зебо будани Тоҷикистон аҳдшиканона поймол карданд. Қолини зеборо ба қисмҳо тақсим кардан хостанд.

Тоҷикистониён ифтихор доранд, ки тамоми нуктаҳои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёт амалӣ гаштаанд.

Мутаасифона Раёсати Шўрои Олии ҲНИ аз сари нав ба таҳриф кардани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ кўшиш намуда истодааст. Онҳо фаромўш накунанд, ки Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиони тоҷик баста шудааст, на ин ки миёни Ҳукумати Точикистон ва ҲНИ.

Дар урфият мегўянд, ки «Офтобро бо доман пўшида намешавад». Беҳтараш ба далелҳои таърихӣ рўй оварему ҳақиқати ҳолро ифшо намоем.

Ҳанўз ибтидои соли 2000-ум яке аз чеҳраҳои сиёсӣ ва рўҳонии шинохта Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар мақолааш «Разве ислам - это только партия возрождения?» (Народная газета. – 2000. – 25 фев.) навишта буд: «Ҳизби наҳзат надоштани комёбиҳои ҳақиқиашро дарк карда кўшиш намуда истодааст, ки дастовардҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷикро, ки ба комёб шудан ба Созишномаи умумии сулҳ, баргардонидани гурезагон ба Ватан, кафолатҳои қонунии фаъолияти ҳизбҳое динӣ, бунёди истиснои нави интихоботи демократӣ оварда расонид, ба худ нисбат диҳад. Аммо ба ҳама равшан аст, ки ин комёбиҳо ба ҳизби наҳзат ягон муносибат надорад. Барои мисол додани саволи «Чанд нафар иштирокчиёни гуфтушуниди сулҳ аз Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар комёб шудан ба сулҳ нақши муҳим бозидаанд аъзои ин ҳизбанд ва чанд нафар қумондонҳои саҳроӣ аъзои мебошанд?» кифоя аст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шумораи онҳо ангуштшуморанд».

Баъди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ даъвати чаҳорум ҲНИ бо нишони эътироз дар Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон фаъолиятро қатъ кард. Канорҷўӣ аз ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, зоҳирпарастию мутеъ будан ба хоҷагони хориҷӣ коста гардидан эътибор ба собиқадорон, қонуншиканиҳои узви раёсати Шўрои Олии ҳизб обрўю нуфузи ҲНИ-ро дар ҷомеа паст гардонид. Ҳамаи ин ба нокомии ҲНИ дар интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар моҳи марти соли 2015 оварда расонид.

Бо таври оммавӣ аз сафи ҲНИ баромадани аъзоёнаш, ихтиёран қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои ҲНИ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки мардуми Тоҷикистон роҳи дунявии пешрафтро авлотар медонанд.

Аммо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон корашро бо фиребу дурўягӣ пеш мебурд. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, вале дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот бо хоҷагони хориҷӣ, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад.

Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапўшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ҲНИТ барои алоқамандӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ, ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ кардани шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Ин кўшиши онҳо саривақт саркўб шуду Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт.

22-уми сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҲНИТ, қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.

Моҳи октябри соли 2017 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст. Ташкилоти мазкур рўзи 28-уми июли соли 2017 бо нашри изҳороте гуфт, ки ҲНИТ дар қатори беш аз 100 созмони террористиву ҷудоихоҳ ва ифротгаро ворид шуда, ҳамчун созмони ифротиву террористӣ эътироф гардидааст.

Айни ҳол, ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кўшиш менамояд, ки зеҳнҳоро мағшуш намояд.

Тоҷикистониён сабақҳои таҳаввулоти сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ-ро фаромўш намекунанд ва намегузоранд, ки ташкилоти таназзулшуда – ҲНИ сулҳу амонӣ, ваҳдати миллиро халалдор намояд.

Ваҳҳоб Набиев

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ