Ҳизби наҳзати хиёнаткор
Ҳизби наҳзати хиёнаткор, ки инсон ҳатто ба забон гирифтани ин ҳизб кору бораш низ барор намегирад. агар ба таърих назар афканем, ин ҳизб давомдиҳандаи яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё худ «ҷомеаи бародари исломӣ» ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки аз сарчашмаҳои мутолианамудаамон маълум гашт, ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ аст, ки ба қавли пешвоёнаш Ҳасан-Ал-банно ва Саид Қутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба муроҷиати ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии мусулмонон табдил ёбад.
Равияҳои мазкур барои расидан ба мақсади худ аз усулҳои хоси худ, махсусан, ба усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд, ки принсипи асосии он инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; исломисозии ҷомеа ва даъват «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.
Ба ҳамагон пӯшида нест, ки роҳбарони ҲНИ чун аз хориҷи кишвар ва, махсусан аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори авомфиребона дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. Ҳизби мазкур пурра методҳои ихвониро истифода менамуд ва дар аксари маврид аз усули «қадам ба қадам» истифода намуда, сар то сари Тоҷикистон гурӯҳҳои худро таъсис дод. Ҳизби номбурда бониқоби демократия амалҳои ифродиашонро сар то по паҳн намуда чандин нафаронро бар доми худ кашиданда ба балову бад гирифтор кардаанд.
Вақте, ки бо Қарори додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ гардид ва ҳамаи расонаҳои интернетии он баста шуд, алами хоҷагони ин ҳизб боз ҳам баландтар гардид ва бо гапҳои бардурӯғ хостанд, ки мафкураи миллати моро дигар созанд ва бар зидди давлати худ мубориза баранд. Хушбахтона ин амла ба онҳо муяссар нашуд ва ҳаргиз ҳам нахоҳад шуд. Зеро замона дигар шудаасту мардум дигар. Замона пеш рафтааст, тафаккури мардум боло рафтааст.Ҳарчанд, ки Кабирӣ баромад кунад, ҳам моро шикаст дода ва сарнагун карда наметавонад. Зеро мо муттаҳиду сарҷамъем!
Биоишаи Назар