Ҳизби нафратовару ифротгар
Ҳизби дигари сиёсие, ки дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар амал мекард, мамнуъ Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон буд. Ин ҳизби мамнӯъ 26 октябри соли 1991 дар анҷумани муассисон дар ноҳияи Ленин ташкил ва 4 декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Маротибаи дуюм 28 сентябри соли 1999 сабти ном гардидааст. Органи нашриётиаш рўзномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» буд.
Тибқи санад яке аз шартҳои оштии миллӣ ба таври қонунӣ эълон намудани ҳизбҳои сиёсии ИНОТ (Иттиҳодияи нерўҳои мухолифони тоҷик) ба шумор мерафт. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 августи соли 1999 бо назардошти он ки ИНОТ дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи нормаҳову санадҳои Созишномаи миллӣ аз 17 июни соли 1997 муқаррар намуд амал менамояд, қарор кард, ки ҳукми коллегияи судӣ аз 21 июни соли 1993 дар хусуси қатъ намудани ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои ИНОТ бекор шавад. Дар муқаддимаи барномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оварда шуда буд, ки «Мо бо тозаги аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омадаем ва он ҳатман нақши худро дар ҳаёти ҳамаҷонибаи кишвар ва тафаккури мардум хоҳад гузошт. Ин ҷанге буд, ки дар асари якдигарнофаҳмӣ, бегонапарастӣ ва надоштани малакаи мустақил зистан ба вучуд омад. Ва ибрати хубе гашт барои миллати мо, бахусус сиёсатмадорон ва нерўҳои солими сиёсӣ.
– Марҳилаи ниҳоят душворе моро дар пеш аст. Ин даврае аст, ки мо бояд истиқлолияти худро ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам иқтисодию фарҳангӣ мустаҳкам созем. Хоҷагии харобгаштаи халқро барқарор созем ва аз ҳама муҳим, савияи маънавии мардумро, ки солҳои охир хеле поён рафтааст, боло бардорем»
Ҳизби мазкур ҳадафу самти фаъолияти худро чунин тарҳрезӣ намудааст: Аз тарафи дигар, ҷомеаи моро хавфи барқароршавии як системаи яккаҳокимиятӣ (авторитари) ба истифода аз шиорҳои демократӣ ва истиқлолиятхоҳӣ таҳдид менамояд. Вале дертар маълум гашт, ки ҳизби мазкур дар қолаби ин гуна андешаҳо мафкураи ғаразноки сиёсиро дар худ ҷой дода, мақсадаш давлатро сарнагун кардан будааст, ки хушбахтона ҳокимияти мо инро дарк намуду фаъолияташро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ намуд. Қолаб аз рӯи ин хоинон шикаст ва симои аслиашон, ки буданашон фошу маҳкум шуд. Мутаъсифона бо вуҷуди маҳкум шуданаш аз ҳар сӯ неши нохалафашро ба сари мо зада истодааст. Вале мо намегузорем, ки тоҷикистони мо рӯзҳои гузаштаи хунинро боз аз сараш гузаронад. Ҳаргиз не.
Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан дидем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.