Ҳизби ҳаётсӯзи мардум
Ҳизби наҳзати ислом, ки бо Қарори додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ гардида буд. Вале то ҳол каҷдуми нешзан барин аз ҳар гӯшаву канор неш ба кишвари мо мезанад. Бояд зикр кард, ки яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё худ «ҷомеаи бародари исломӣ» ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ аст, ки ба қавли пешвоёнаш Ҳасан-Ал-банно ва Саид Қутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба муроҷиати ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии мусулмонон табдил ёбад.
Ин равияҳо барои расидан ба мақсади худ аз усулҳои хоси худ, махсусан, ба усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд, ки принсипи асосии он инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; исломисозии ҷомеа ва даъват «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.
Ҳизби наҳзати ислом низ саркарда ва давомдиҳандаи ин ихвон аст. Ин ҳизб бо вуҷуди он, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, бо усули қадам ба қадам берун аз кишвар амал карда одамонро бар доми фиребу шиканҷаи худ кашида истодааст.
Ин ҳизб бо ниқоби демократия амалҳои ифродиашонро сар то по паҳн намуда чандин нафаронро бар доми худ кашиданд. Чандин ҷавонмардонро бо умеди хондану сабақ омӯзонидан ба кишварҳои Сурия бурда тафаккури онҳоро дигар намуда онҳоро сарнагун карданд. Амалҳои ифродии онҳо бешуморанд. Вале мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода бадоми чунин нохалафон наафтем.