ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА МАСЪУЛИНИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 феврали соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди илм дар шароити рақамикунонӣ ва ҷаҳонишавӣ» семинари байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар семинар роҳбарият ва намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, намояндаи расмии Clarivate дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мушовири самти қарорҳои илмӣ-тадқиқотии Elsevier дар Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.

Дар баромадҳо масъалаҳои марбут ба таҷрибаи пешқадами маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ, меъёрҳои интихоб ва индекскунӣ дар пойгоҳҳои иқтибосоварии Scopus ва Web of Science, роҳу усулҳои ворид намудани маҷаллаҳои илмии ватанӣ ба ин пойгоҳҳо, инчунин баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тақвияти муҳити илмӣ-таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ, муҳаррири масъули маҷаллаи илмии «Номаи Донишгоҳ», инчунин раисон ва котибони шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи назди Донишгоҳ ба таври маҷозӣ ба ҳамоиш пайваст гардиданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили сифати фаъолияти илмӣ ва мутобиқ намудани низоми нашрияҳои илмии кишвар ба талаботи муосири ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ