​ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ ФАХРИДДИН НАСРИДДИНОВ ДАР СИМПОЗИУМИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРИ ХАТТӢ ДАР ИСТАНБУЛ

Бо ибтикори Раёсати муассисаҳои осори хаттии Туркия (TÜYEK) аз 10 то 12 декабри соли 2025 дар шаҳри Истанбул Симпозиуми I байналмилалии осори хаттӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланд яке аз чорабиниҳои бузурги илмӣ дар соҳаи матншиносӣ ва дастхатпажӯҳӣ ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 200 муҳаққиқ иштирок намуданд.

Дар симпозиум мутахассисони варзидаи беш аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла: ИМА, Канада, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Шветсия, Испания, Италия, Австрия, Нидерланд, Ҷопон, Корея, Малайзия, Колумбия, Булғория, Миср, Русия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Марокаш, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Маросими ифтитоҳ 10 декабр дар Кохи фарҳанги шаҳри Истанбул, воқеъ дар минтақаи Тақсим, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Туркия, аз ҷумла раиси вилояти Истанбул, вазирони Вазорати дастхатҳо ва сайёҳӣ, ректорони донишгоҳҳо, роҳбарони ганҷинаҳои мероси хаттӣ, инчунин кормандони сафорату консулгариҳо ва донишмандони даъватшуда баргузор шуд.

Идомаи кори симпозиум дар Китобхонаи Ромӣ — маҷмааи таърихии фарохмасоҳат — ҷараён гирифт. Ҷаласаҳои илмӣ рӯзҳои 11–12 декабр дар шаш толори китобхона баргузор шуда, дар маҷмуъ тақрибан 200 маъруза дар 30 ҷаласаи илмӣ шунида шуд.

Дар ин чорабинии байналмилалӣ доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳ Фахриддин Насриддинов бо маърузаи «Таҳқиқи маҷмуаҳои дастнависҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзиши илмиву нусхашиносии онҳо» баромад кард. Зимни суханронӣ ӯ ба нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароҳамсозии шароити мусоиди омӯзиши осори хаттӣ дар давраи Истиқлол, таҳкими мавқеи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии мактабҳои матншиносии миллӣ ва болоравии ҷойгоҳи илмии Донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Суханронии профессори тоҷик аз ҷониби иштирокчиён бо истиқболи гарм пазируфта шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи илмиро ба рушди босуръати илми тоҷик ҷалб намуд. Ин маъруза намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишварҳои гуногунро бо арзиши баланди осори хаттии Тоҷикистон ошно сохта, номи Донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ