​Иштироки олимони донишгоҳ дар семинари байналмилалӣ

Як қатор аз олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар семинари илмии байналмилалӣ, ки дар шакли фосилавии онлайн баргузор шуд, иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ки семинари мазкур аз рӯйи нишаст сеюмин буда, дар он олимони Донишгоҳи миллии радиоэлектронткаи шаҳри Харьков ва Донишгоҳи илмӣ-технологии шаҳри Краков (Польша) ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семинар олимон натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва дастовадҳои худро оид ба тамоюлҳои муосири эҷоди электроника бо истифода аз микроконтроллерҳо, STM32, таймерҳо ва усулҳои кори онҳоро баррасӣ намуда, асосҳои табдилдиҳандаи аналогӣ ба рақамӣ ва рақамӣ ба аналогиро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи кори семинар перомуни мавзуъҳои дигар, аз ҷумла интерфейси USART ва забонҳои барномарезии сатҳи даланд, чун Python, Go, Dart, cохтори барнома ва сохторҳои асосии забон, ташкили додаҳо ва сохторбандии барнома, инчунин технологияҳои барномасозии параллелӣ аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ