Иштироки фаъоли устодон ба дарсҳои намунавӣ

Дар факултети филологияи тоҷик бо иқдоми номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоева Зеварой аз фанни “Таърихи адабиёти хориҷӣ” дарси намунавӣ доир гардид. Дарси намунавӣ ба мавзӯи “Назаре ба адабиёти Ҳинду Покистон” бахшида шуда, ба он донишҷӯёни соли сеюм ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарс мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ӯлмасова Замира, ҷонишинони декани факултети филологияи тоҷик ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

Дарс дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуда, донишҷӯён доир ба эҷодиёти Робиндранат Такур, Прем Чанд, Файз Аҳмади Файз ва Муҳаммад Иқбол маълумоти мухталиф пешниҳод карданд. Фаъолияти донишҷӯён хуб ба назар мерасид.

Маврид ба зикр аст, ки дар мавзӯи мазкур, инчунин дарси намунавии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мавлонова Мутриба баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ