Истиқлолият ва рушди маорифи кишвар

Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф, илму фарҳанг нақши калидӣ ва созандаро касб менамояд. Аз рушди соҳаи маориф, таълиму тарбия дараҷаи нерӯи зеҳнию ақлонии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намояд. Аз вазъи мактабу маориф, донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутаххасисони аз лиҳози сиёсӣ босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ояндаи он вобастагии калон дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф, ки 22 декабри соли 2005 баргузор гашта буд, Сарвари давлат чунин изҳор намуданд: “Маориф омили муҳимтарини ҳастии давлат ва наҷоти миллат аст. Мо соҳаи маорифро самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намудем”.

Дар Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, рушди он дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти кишвар қарор дорад. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин таъкид гардидааст, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳои миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Дар даврони Истиқлолият ба шарофати ислоҳоти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи мактабу маориф дастовардҳои шоён ба назар мерасад. Агар ба ислоҳоти соҳаи мактабу маориф аз нигоҳи таҳқиқ ва таҳлил назар андозем, се марҳилаи амалӣ намудани сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи мактабу маориф мушоҳида намудан мумкин аст: марҳилаҳои ибтидоӣ, зиддибӯҳронӣ ва стратегӣ.

Марҳилаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта Тоҷикистон дар оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид, ки он ба муқовимати шадиди сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии кишвар вобаста буд. Дар марҳилаи ибтидоӣ дар соҳаи мактабу маориф чунин падидаҳои бӯҳронӣ, танқисии молиявии муассисаҳои таълимӣ, ба маротиб поён рафтани сатҳи маблағгузории давлатии соҳаи маориф, кам гардидани маоши омӯзгорон, соҳаи маорифро тарк намудани қисме аз омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатиро интихоб намудан ва ба ё соҳаи тиҷорат гузаштани онҳо, фарсудаву хароб гаштани биноҳои таълимӣ ва ғайра хос аст. Хусусан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншоотҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд. Дар натиҷаи ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ 55 ҳазор кӯдакон ятим монда, 26 ҳазор нафар занон бесаробон гаштанд, 195 ҳазор тоҷикистониён ба хориҷи кишвар муҳоҷир гаштанд. Ин ҷанги хонумонсӯз ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ ва маънавӣ, аз ҷумла беш аз 10 милиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ овард. Аз рӯи маълумоти Хазинаи асъори байналхалқӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қариб 20 фоизи мактабҳои ҷумҳурӣ харобу валангор гаштанд, беш аз 130 бинои мактабӣ ба таъмири ҷорӣ, таъмини асбобу ашёи таълимӣ, дастуру китобҳои дарсӣ, васояти моддӣ-техникии таълимӣ ниёз доштанд. Зарурияти сохтмони мактабҳои нав бо 20 ҳазор ҷойи нишаст бар ивази биноҳои харобу вайронгашта ба миён омад.

Марҳилаи дуюми ислоҳот солҳои 1997-2004-ро дар бар гирифта, давраи мазкур хусусияти зиддибӯҳронӣ дошт ва соҳаи маорифи кишвар тадриҷан аз ҳолати бӯҳронӣ раҳоӣ меёбад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳа ва ислоҳоти он, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот, беҳтар намудани вазъи моддии омӯзгорон, баланд бардоштани тахассусмандии кадрҳои омӯзгорӣ, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, беҳдошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаву консепсияҳо ва стандартҳои давлатӣ амалӣ гаштанд.

Танҳо тӯли солҳои 2002-2006 Ҳукумати мамлакат наздик 10 Барномаи давлатӣ, 5 Нақшаи миллӣ ва даҳҳо қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ба мақсади рушди соҳаи мактабу маориф, таҳаввулот ва тағйироти сифатии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмин намудани соҳа бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва ғайра равона гардида буданд.

Марҳилаи сеюми ислоҳот, ки давраи стратегӣ ба ҳисоб меравад, аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар ин давра Қонуни Ҷмуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мориф” (солҳои 2013, 2016, 2017, 2018, 2020) дар таҳрири нав қабул гардида, тағйиру иловаҳо ворид шуда, раванди ислоҳот ва таҳаввулот (модернизатсия)-и соҳаи маориф идома дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила низоми нави маблағгузории соҳаи маориф, пардохти маош, баҳодиҳии сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунии соҳа, бунёди базаи моддиву техникаи замонавӣ, дастгирии истеъдодҳо, дар мактаби олӣ ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, таҷдиди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра амалӣ гаштанд. Соҳаи таҳсилоти ҷумҳурӣ ба фазои нави таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гашта истодааст.

Дар давраи истиқлолият як қатор қонунҳо, қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи ҳуқуқии ислоҳот ва рушди соҳаи мориф гардида, аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии соҳаи маорифро метавон чунин номбар намуд:

  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи беҳтар кардани шароити истиқоматӣ –коммуналии кормандони маориф” (аз 8 ноябри соли 1995, № 671).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф” (аз 11 ноябри соли 1995, № 676).
  • Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ кардани барномаҳои компютеркунонии мактабҳои маълумоти миёнаи умумии асосӣ ва ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2007” (аз 31 декабри соли 2003, № 502).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010” (аз 1 ноябри соли 2004, № 425).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳияи барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2013” (аз 10 майи соли 2003, № 194).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009” (аз 30 июни соли 2004).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 1 октябри соли 2004, № 387).
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2004, № 435 “Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010”.
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи миллии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 1 ноябри соли 2006, № 484).

Бояд қайд кард, ки яке аз падидаҳои муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ дар қатори мактабҳои ҳамагонӣ ба вуҷуд омадани шаклҳои нави муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои шакли нав – литсею гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ ба шумор меравад. Аввалин литсей дар Душанбе дар асоси мактаби миёнаи № 74 соли 1991 ва аввалин гимназия дар асоси мактаби миёнаи № 60 пойтахт таъсис ёфтанд.

Вилояти Суғд дар таъсис додани мактабҳои типи нав мавҷеи муҳимро ишғол кард. Чунончӣ, литсейи № 1 нояҳияи Спитамен, литсейи № 1 ноҳияи Мастчоҳ, гимназияи № 18 ноҳияи Зафаробод, мактаби махсуси П.Пӯлотов, мактаби хусусии “Дониш” нахустин мактабҳои типи нав ба шумор мераванд. Ин муассисаҳои таълимӣ дар фурсати кӯтоҳ мавҷеи устуворро дар миқёси ҷумҳурӣ касб намуданд.

Дар ҷумҳурӣ соли 1992 аввалин литсейи тоҷикию туркӣ ба вуҷуд омад ва то соли 2010 шумораи чунин литсейҳои тоҷикию туркӣ ба 6 адад расид. Соли 1995 дар шаҳри Душанбе литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат таъсис ёфт ва он соли 1998 ба литсей-интернати президентӣ табдил дода шуд. Соли 2003 гимназия-интернати Тоҷикистону Россия (“Ҳотам ва П.В.”) кушода шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Бӯстон мактаби президентӣ барои хонандагони лаёқатманд кушода шуд. Соли аввали хониш 696 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои мухталиф дар асоси озмун ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Бинои таълимии мактаби мазкур ба 1296 хонанда пешбинӣ шуда, он аз ҳисоби маблағи буҷетии вилояти Суғд ба маблағи умумии 12 млн сомонӣ сохта шудааст.

Пешрафти илму техника, махсусан технологияи навин ба устувор гаштани мақоми мактабҳои олӣ таъсири бузург расонид. Маҳз дар ҳамин самт дар замони истиқлолият Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдил дода шуд, фаъолияти худро боз ҳам васеъ намуд. Донишкадаҳои омӯзгории шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, донишкадаҳои политехникӣ, тиббӣ, аграрӣ, тиҷорат ва технологӣ ҳама ба донишгоҳ табдил ёфтанд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъи мактабҳои олӣ низ ногувор гашт. Ноустувории авзои сиёсӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ ба мактаби олӣ таъсири манфӣ расонид. Дар назди муассисаҳои таълимӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳалли масъалаҳои зерин меистод: маблағгузории нокифояи давлатии соҳа, набудани базаи моддиву техникии замонавӣ, хеле паст будани маоши омӯзгорон, паст будани мақоми иҷтимоии кормандони мактабҳои олӣ, ақибмонии мактабҳои олӣ аз дараҷаи байналхалқӣ ва ғайра.

Дар шароити соҳибистиқлолӣ ба ислоҳот (модернизатсия)-и соҳаи таҳсилоти олӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид. Дар ин радиф гузариш ба низоми нави таҳсилот – низоми кредитӣ яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.

Сараввал дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №291 ба технологияи кредитии таҳсил ба сифати таҷрибавӣ ду мактаби олӣ: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гузаронида шуданд. Имрӯз ба низоми кредитӣ ҳамаи мактабҳои олии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Муҳимтарин вазифаи гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ намудани таълимоти бисёрзинагӣ маҳсуб меёбад. Дар Тоҷикистон дар асоси қонун низоми сезинагии таҳсилот ҷорӣ шудааст: бакалавриатура, магистратура ва PhD (докторантура).

Хусусиятҳои зерини низоми кредитии таҳсилот маълум аст:

а) иштироки бевоситаи донишҷӯ дар таҳияи нақшаи фардии таълим ва муайян намудани самти таҳсили ӯ;

б) имконияти озодона интихоб намудани қисми фанҳои дар нақшаи таълимӣ дарҷёфта;

в) таҳсили хадамоти машваратчиёни академӣ (эдвазейрҳо ва тюторҳо) бо мақсади ёрирасонӣ ба донишҷӯён дар интихоби фанҳои таълимӣ;

г) истифодаи низоми нави баҳодиҳӣ тибқи холҳо;

д) мустақилият ва озодии академиифакултетҳо, кафедраҳо ва устодон дар ҷодаи ташкили раванд ва интихоби усулҳои таълим;

е) баҳисобгирии дараҷаи меҳнаттабӯлабии кори таълимии устодон на аз рӯи вақт (соати дарсӣ), балки аз рӯи ҳаҷми маводи дарсии ба донишҷӯён расонидашуда;

ё) ба роҳ мондани равандаи таълим тавассути истифодаи технологияи иттилоотии муосир;

ж) болоравии сатҳи такмили ихтисоси устодон ва сифати дарсии онҳо;

з) ба роҳ мондани усули қабулиимтиҳони ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;

и) интихоби устодон аз тарафи донишҷӯён;

й) имконияти гузаштан аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, аз як барнома ба барнома (ихтисос)-и дигар.

Баъди гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот симо (инфраструктура)-и мактабҳои олӣ куллан тағйир ёфтанд, дар натиҷа ҳалли масъалаҳои зарурии таълиму тарбия осон гуштанд. Дар муассисаҳои таълимӣ матбааҳои худӣ ташкил гардида, дар онҳо китобҳои зарурии таълимӣ, дастурҳои таълимӣ табъу нашр гардиданд. Ҳамаи факултетҳо ба шабакаҳои интернетӣ пайваст гаштанд, синфхонаҳои замонавии компютерӣ созмон дода шуданд, ташкили раванди банақшагирии таълиму тадрис автоматикунонида шуданд ва ғайра. Донишҷӯён имконияти чи шифоҳӣ ва чи ба тариқи тестӣ (ба воситаи копютер) супоридани имтиҳоҳоро пайдо карданд.

Дар муддати солҳои 2004-2009 қариб 3 ҳазор ҷавонони тоҷикистонӣ барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Чунончӣ, соли 2010дар хориҷи кишвар 618 донишҷӯ, соли 2011 -1211 нафар, соли 2012 -1269 нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд. Соли 2015 барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон мамлакатҳои хориҷа тибқи квота ба миқдори зайл ҷойҳо ҷудо намуданд: Россия 782 квота, Хитой 277, Эрон 250, Қазоқистон 100, Қирғизистон 50, Украина 20, Белорусия 108, Туркманистон 10, Малайзия 40 ҷой барои таҳсил дар мактабҳои олӣ.

Бояд зикр кард, ки стипендияи бо мақсади фиристодани хатмкунандагони болаёқати мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба мактабҳои хориҷа ба партохтихароҷоти таҳсил аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008,№ 5 стипендияи “Дурахшандагон”) ҷорӣ карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 апрели соли 2009, № 208 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” қарор қабул намуд.

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуда, ғолибони озмунҳо аз лиҳози моддию маънавӣ қадршиносӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Баҳри баланд бардоштани маънавиёт, фарҳанг, рӯ овардан ба китоб ва фарҳанги китобдӯстӣ озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” идома дорад.

Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода шуда, соҳаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Соли 2019 ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ 130 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зиёда аз 32 ҳазор ҷои нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ҷумла, 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷои нишаст аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандони кишвар ба маблағи беш аз 122 млн сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2020 сохтмони 181 МТУ дар ҳаҷми 900 млн сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷои нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолият 128 МТ ва 338 МТУ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Ҳамин тавр, масъалаҳои рушди мактабу маориф, тарбияи насли наврас, ҷавонон самти афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.

Дадоҷонова М. - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ