Ислом ва террор бо ҳам бегонаанд

Дар солҳои аввали баъди пошхўрии давлати пуриқтидори ИҶШС дар Тоҷикистони тозаистиқлол таҳаввулоти иҷтимоии пурҷўшу хурўш ва тезутунде рух дод, ки яке аз масоили мубрам –мутамаркази ғоявии он масоили марбут ба дини ислом буд. Аз солҳои 1991 хурду калон аксаран заминаҳои ғовии худро гум карда дар як фазои холии идеологӣ монданд ва роҳи халосиро дар дину мазҳаби ниёгон ҳамчун такягоҳи эътиқодии худ меxустанд. Дин яке шохаҳои муҳими фарҳанг мебошад, ки дар ҷомеа нақши асосӣ мафкуравиро мебозад.Дар тарбияи маънавию ахлоқии инсон эътиқоди динии солеҳ таъсири калон дорад, масалан, инсоф ва адолат, парҳезгорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мурувват ба эҳтиёҷмандон, арҷгузории урфу анъанаҳои миллӣ, қарзи фарзандӣ дар назди волидон ва қарзи волидайн нисбати фарзандонро ҳамчун арзишҳои миллӣ мешиносем. Зеро, инҳо талабҳои ахлоқии динӣ мебошад.

Масири таърих аз он далолат менамояд, ки масъалаи дину диёнат ва давлатдорӣ дар ҳаёти инсон, чи барои шоҳу чи барои гадо, қатъи назар аз миллату мазҳаб, нажот, ранги мўю пўст ҷойгоҳи муҳим ва нақши калидиро доштаст, то ба он андозае, ки ниёгони мо подшоҳиву пайғамбариро ба ҳам баробар ҳисобида «ду гавҳар дар як ангуштарӣ» номидаанд.

Ҳар як дину адёне, ки инсоният дар афкори худ парварид, дурдонаҳоеродар мазмуну моҳияти худ маҳфуз доштаанд, яъне арзиши волотарин ва муҳимтарини афкори динӣ дар печидагии ҳарир ва мураккаб бо таълимотҳои фалсафиву ахлоқӣ ва зебоипарастӣ зуҳур гардидаанд, ки инсонҳоро дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ, аз оғози таърих то ба имрўз танҳо ба шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростиву растагорӣ, раҳму шафқат, ишқу муҳаббат,меҳрубонӣ, бахшандагӣ, хайру эҳсон ва амсоли он ҳидоят намудааст.

Ислом – дини иҷтимои ва моҳ иятан аз бузургтарин таълимотҳои инсонпарварист. Мақсади асосии ин дин иттиҳоди мардум дар ҷомеаҳо ва саодатманд намудани мусулмонҳо дар партави ғояи сулҳу ваҳдат аст. Бинобарин, волидон дар таълиму тарбияи фарзандони худ дар роҳи ба ба мақсадҳои ниҳонӣ расидан бояд масъулияти баланд дошта бошад. Зимни яке аз суханрониҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки «Мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем, зеро аз таъсири ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз чумла Тоҷикистони мо низ, эмин буда наметавонад».

Дини ислом бо мазҳаби таҳаммулгароӣ хеш, тамоми аҳли башарро ба шукргузорӣ аз пастиву баландиҳои зиндагонӣ, оромию осудагӣ, бахшандагиву меҳрубонӣ, сулҳу субот, офарандагиву бунёдкорӣ пайваста даъват намудааст. Аслан бояд зикр намуд, ки моҳияти аслии дини ислом аз як ҷиҳат хеле содда ва рушан буда, аз ҷиҳати дигар ғанӣ ва мураккаб мебошад.

Дин яке шохаҳои муҳими фарҳанг мебошад, ки дар ҳама вақту замон ва макон дар ҷомеа нақши асосӣ мафкуравиро мебозад.Дар тарбияи маънавию ахлоқии инсон эътиқоди динии солеҳ таъсири калон дорад, масалан, инсоф ва адолат, парҳезгорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мурувват ба эҳтиёҷмандон, арҷгузории урфу анъанаҳои миллӣ, қарзи фарзандӣ дар назди волидон ва қарзи волидайн нисбати фарзандонро ҳамчун арзишҳои миллӣ мешиносем. Зеро, инҳо талабҳои ахлоқии динӣ мебошад.Дини мубини Ислом тўли 1400 сол ба ҳайси дастури зиндагии ибратомўз барои инсоният хизмат кардааст ва имрўз низ рисолати аслии хешро иҷро мекунад. Дини тавҳидии ислом таҷрибаи ғановатмандӣ дорад, ки то имрўз нақши муҳими худро нигаҳ доштааст ва ҳамчун дастурамал барои ҷомеаи ҷаҳон хизмат мекунад.

Дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад, ки дар ҷомеаи муосир аз кофеъ набудани маърифати динӣ ба тарғибу ташвиқи ақоиди бегонаи мазҳабӣ даст мезананд. Чунин гурӯҳҳо хосатан дар байни ҷавононфаъолият мебаранд.Таассуб кардан ба мазҳабҳои бегона, майлон шудан ба хурофотҳои динӣ,паст шуморидани эҳсоси мазҳабии пайравони динҳои дигар омилҳое мебошанд, ки ҷавҳари динҳоро вайрон сохта, моҳияташонро иваз намудаанд. Ҳамаи стратегияи исломӣ барои хушбахтии инсон ва пешрафти зиндагии моддию маънавии он равона шудааст.

Яке аз аз масъалаҳои мубрами рўз«ниқоби ислом ба бар намудани ташкилотҳои террористӣ» ва ба қатл расонидани одамон дар гўшаву канори дунёба шумор меравад, ки ин падида тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дини мубини ислом муносибати накў ва солеҳ дошта, хело ҷидду ҷаҳд менамоянд, то ин ки мазмун ва мундариҷаи «Қуръон»,«Суннат» ва ҳадисҳои дини исломро ба халқи шарифи тоҷик ва умуман ҷаҳониён, ки покизагиву парҳезгорӣ, меҳру муҳаббат ва амсоли он астнишон диҳад, вале мутаасифонабархе мусалмониро ба таври дигар мепиндоранд ва ба зиёдаравию ифротгароӣ расидани худро чун падидаи «демократия», ғамхори раият, адолат ва амсоли онмуаррифӣ менамоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва глобалӣ дар давлатҳои Шарқи Наздик ва Миёна ва умуманҷаҳони муосир шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, яъне«ифротгароӣ». «зиёдаравӣ» дар дини ислом ба шумор меравад, ки дар натиҷа мафҳуми «террори исломӣ» арзи вуҷуд намуд. Террори исломӣ гурўҳҳои махсуси муташаккиле, ки зери парда ва ҳимояи идеологияидини ислом ҳадафҳои хешро гўё бо максади ҳимояи оламиисломӣ амалӣ менамоянд.

Ҳатто ба андозае, ки «террори исломӣ» аз рўи теъдоди амалиёти хеш дар ҷаҳони муосир ба терроризми байналмиллалӣмубаддал гаштааст ва ба дини ислом моҳияти ба он бегонаи хунхорию бедодгарӣ ва таркишҳои бемаъноро насб кардаанд. Ин ташкилотро одатан гурўҳҳои радикалӣ, ташкилоти эктремистӣ ва аъзоёни ин ташкилотро исломиён ё худ муҷоҳидони исломӣ меноманд.

Бояд қайд намуд, ки истилохи террори исломӣ аз нигоҳи муҳаққиқон дур намонд ва ба андешаи онҳо мафҳуми «террори исломӣ» аслан вуҷуд надорад ва дини ислом баръакс тамоми амалҳои террористиро маҳв менамояд.

Поягузори мазҳаби ҳанафия, ки онро Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазҳаби таҳаммулгаро номидаанд,Нўъмон ибни Собит дар шарҳу возеҳи масъалаҳои шариати Ислом хело эҳтиёткор буда, то ба андозае, ки 27 карат ба шаҳри Басра барои ҳалли ин ё он масъала сафар намудааст, то ба иштибоҳе роҳ надиҳад. Аҳли уламо низдар ин масъала хело эҳтиёткор ҳастанд, вале имрўз масъалаҳои динӣ аз доираи диёнату инсоф баъзан берун кашида мешаванд, ки ин падидаҳо аз моҳияти ин дин фарсахҳо дур аст.

Дар ин росто суханони Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле ҷолиб аст: «Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фиқҳӣ ва каломии Имоми Аъзам метавонад намунаи равшани гуфтигўи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад.»

Мутафаккирони халқи тоҷик аз хондани «Қуръон» тахаллуси Ҳофизу Бедил, Мавлонову Ҷомӣ – рогирифта, номи худро ба некиву накўкорӣ абадан дар ҷаҳони пуртаззоди худ гузошта тавонистаанд.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар бо тамоми қудурату тавоноияш мубориза мебарад, талош менамояд то амнияти кишварҳо халалдор нагардад.Ҳукумати кишвар якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2006)ва якчанд санадҳои дигар ба тасвиб расидааст, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Манбаи аслии ободии ҷомеа ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд тарбияи инсон солим ва бофарангу эҷодкор аст.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ узвияти Созмони ҳамкориҳои исломӣ мебошад. Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари ботадбири он китоби муқаддаси дини ислом Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси мардуми ин кишвар гардид. Ин дастовардҳо гувоҳи медиҳад, ки дар Тоҷикистони азизамон барои озодии интихоби дин ва ташаккули ислом дар мамлакат шароит фароҳам оварда шудааст. Мардуми кишвар озодона ва бо хайрихоҳона ба дини аҷдодони хеш пайравӣ намуда, расму оинҳои онро ба ҷо оварда истодааст.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мегўяд “Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.” Зеро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои ояндаи миллат, бароисулҳу субот, барои осоиштагии давлат, барои ваҳдати миллӣ масъулият дорем.

Ҷӯраева Нигора, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Fафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ