ИСЛОХ - ТВ сомонаи иғвоангез

Дар ҷомеа инсонҳое ёфт мешаванд, ки бароирасидан ба манфиати худ аз ҳеҷчизе рӯ намегардонанд ва ба ҳама гуна равандҳо даст мезананд. Яке аз чунин равандҳои аср бешубҳа терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад, Ин мафҳумҳо бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои глобалии инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад. Масалан сомонаи интернетии «ислох тв», ки дар он М.Садриддин бо баромадҳои иғвоангези худ аз хориљи кишвар истода ақидањои худро ањн мекунад. М.Садриддин ва дигар гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудан ба сиёсати дохилии кишвар дошта бо ин восита, тинҷию оромиро сарнагун кардан мехоҳанд. Ҳатто пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистонро, ки тайи ин ҳама солҳо ба даст омадааст, нодида мегиранд, ки инро мардуми мо хуб медонанд. Ў барои пешбурди сомонааш хоинони миллат ва ташкилотњое, ки дар мамлакати мо манъ шудаанд тарафгири менамояд. М. Садриддин бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ баромад намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитњоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимои муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳми, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд.

Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин ҳадафҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медињанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ