Ҷирм ба ҷин зад?!
Фазои бемаҳдуди Коинот сиру асроре нуҳуфтааст, ки то ҳол фитрати башарӣдарки аксарияти онҳоро надорад. Дар амсоли онҳо то ҳол табибон асрори хоб дидани инсонро муайяннакардаанд, вале баъзе хобҳои дида ба воқеияти минбаъда хабардор мекунад, ки эҳтимолан ба вазъи рӯҳии фард алоқамандӣ дорад.
Нафари авбоши муштзӯри бадахшонӣ Муҳаммадбоқир хоб дидааст, ки дар ҷогаҳи бароҳат хоб рафтаасту лекин хонааш бом надорад. Эҳтимол меравад, ки сабаби бебом будани хонааш аз ноустувории хоҷагонаш бошад ё аз майнаи ботили ӯ? Ё худ нодор асту қудрати болопӯш кардани манзилро надорад? Ба ҳар ҳол дар кӯшки роҳат хобида наззора мекунад, ки аз фазои беохир шӯълае бошитоб ба сӯяш меояд. Гумон мекунад, ки хирвори зар асту коми нафси бад қонеъ менамояд ва хеле шодмон мегардад.
Муддате мегузарад ва дар ҷараёни наздикшавии шӯълаи дурахшон аён мегардад, ки ҷирми кайҳони (метеорит) будааст ва эҳтимолияти сарозершавии он ба манзили Боқир вуҷуд дорад. Боқир аз хавфи зери санги кайҳонӣ мондании худ мехоҳад хезаду гурезад, аммо аз ҳаяҷону бемадорӣ қудрати хестан аз ҷойи худро намеёбад. Ҷирми осмонӣ омада ба манзили Боқир дакка мехӯрад ва аз манзили пайвандони Боқир ва худи ӯ асаре боқӣ намемонад. Боқир бо тарсӯӣ аз рахти хоб мехезаду мебинад, ки ин ҳама хоб будаасту боми хонааш ситоразори осмониро панаҳ кардааст.
Бо тезӣ аз ҷойи худ бархоста Боқири табхолдошта андеша менамояд, ки хобро таъбир чӣ бошад ва рост назди фолбине меравад ва пурсони ҳолат мешавад. Фолбин аз ташрифи нафари пулдор хушҳол гашта дар ҷавоби баёни хоби дидааш ба Боқир тавсия медиҳад, ки барои радди бало мебояд маблағи калон дод. Боқир валинеъматӣ карда ба ин фолбини қаллоб як пули қоғазии арзишаш 100 доллар медиҳад ва ба сӯи хонааш раҳсипор мегардад. Фолбин бо тезӣ ҳаммаслаконашро даъват намуда аз фиреби кардааш хабар медиҳад ва ҳама якҷоя аз маблағи додаи Боқир бо айшу ишрат машғул мешаванд. Саҳарӣ аз садои баланди гӯшхароше бедор шуда огоҳ мегарданд, киҳақиқатан ҳам ҷирми осмоние омада хонаи хоби Боқирро пахшу худи ӯро нобуд кардааст. Хушбахтона ба пайвандони Боқир осебе нарасидааст. Фолбин бо тавбагӯӣ аз машғулияти худ даст мекашаду атрофиёнро аз воқеаи ҳақиқӣ хабардор менамояд. Боқӣ хулосабардорӣ аз Шумо !
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”