Инсони бадхоҳ, душманони бадкирдор ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд ва намерасад

Миллати шарафманду бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии душманони дохилии худ ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмалику Восеъ,ки кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти нохалафон дода буданд, ки исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хел хоинони миллату нохалафон дарккардем.

Аз гузаштаи Муҳаммад Иқболи Садриддин ҳарфи зиёде намегӯям, зеро саргузашташ сар дораду анҷом надорад.Имрӯзҳо мардуми тоҷик аз симои аслии Муҳаммад Иқболи Садриддин хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд

Чанде пеш дар шабакаи иҷтимои дар сӯҳбат дар барномаи Минбари муҳоҷирМуҳаммад Иқболи Садриддин ба мардум иброз дошта бо суханҳои дурӯғи худ, ки гӯё ҳамаи гуфтаҳои ӯ ба мафиати мардум ва миллати тоҷик бошад, иборози ақидаву пешниҳод намудааст, аммо миллати тоҷик хуб медонад, ки ӯ бо нияти миллати точикро пароканда ва ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват намудан дар назди башарба хотири шарманда намудан ва худашросафед кардан амал мекунад.

Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гуноҳе нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри Ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.

Бовари дорам, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурўҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.

Инсони бадхоҳ, душманони бадкирдор ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасидааст ва намерасад.

Халқи тоҷик шахсиятҳои бузургро тарбия намуда, шахсияти бузургро соҳиб аст, то имрўз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст. Ба қавли Мавлонои Румӣ:

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

Гурдофариди Рустам таҳлилгар,омузгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ