Ҷинояткорон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод
Дар чунин вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, қувваҳои бадхоҳу ҷангҷӯ, ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳҳои гуногун мехоҳанд гурӯҳи осебпазири аҳолиро ба гумроҳӣ бурда, ба сари мардуми осоишта бадбахтиҳои сангинро меоранд ва барои мақсадҳои нопоки худро амалӣ намудан ҳар гуна баҳонаҳои сохтаву бофтаро пеш меоранд.
Аз моҳи ноябри соли 2021 то имрӯз гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноятии дар баъзе минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷудбуда,шарикони ҷиноятпешаи худро “қаҳрамон” сохта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳҳо пинҳониву ошкоро мехоҳанд мардумро ба шӯр оранд ва аз иҷрои талаботҳои қонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳар баҳонаҳои сохтаву бофта сарпечӣ намоянд. Ин нафарон на ғами мардумро мехӯранд, балки мехоҳанд он амалҳои ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир,ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаашонро, ки солиёни зиёд амалӣ менамуданд озодона давом диҳанд. Пурзӯр шудани мубориза бар зидди ҷинояткории мутташаккил дар минтақаи Бадахшон ба ин бадхоҳони миллат хуш намеояд ва мехоҳанд ин амалу кирдорашонро дар пушти мардуми оддӣ истода идома диҳанд.
Санаи 18-уми майи соли 2022 дар сомонаи АМИТ “Ховар” хабар чоп гардид, ки аз идомаи фаъолияти террористиву эксремистии шаҳодат медиҳад. Дар он чунин омадааст: “17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд”.
Ҷинояткорони нохалаф бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон ва ташкилотҳои террористӣ яроқу аслиҳаро дастрас намуда, бо ташкил намудани гурӯҳи мусаллаҳ амнияти ҷамъиятиро халалдор сохтаанд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи хизматии худро иҷро менамоянд, муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Амали онҳо ба муқобили сохтори конститутсионӣ, сулҳу амният дар минтақа равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, ин нақша ва амали навбатии бадхоҳони давлату миллати мо ва хоҷагону дастурдиҳандагони хориҷии онҳо мебошад, ки мо онро маҳкум менамоем ва ба сокинони Бадахшон муроҷиат карда гуфтанием, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханҳои пучу боғаразона ва мансабталошонаи душманон бовар накунанд, дар паҳлуи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки дар он фарзандони худашон низ хизмат карда истодаанд бошанд. Имрӯз сулҳу оромӣ гаронтарин арзиш барои тамоми мардуми олам аз ҷумла Тоҷикистон аст. Сабақи таърих, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва сарнавишти мардуми давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон, Украина ва дигар давлатҳои ҷангзада бояд ба мо дарс бошад. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз як гиребон сар бароварда, нагузорем, ки душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ намоянд. Ҷинояткорон бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
Ҷабборов И.Р. омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров