Ҷинояткор бояд ҷаззояшро гирад

Дар замони ҳозир, ки ҷаҳонишавӣ бо як суръати баланд пеш рафта истодааст миллате фарҳанг, таърихи ва ҳудуди худро ҳифз карда метавонад, ки сокинонаш дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ бошанд.

Мутаассифона имрӯзҳо дар баъзе мавридҳо аз сокинони ноогоҳ баъзе палидҳо истифода карда онҳоро бар зиди давлату миллат таёр намуда мехоҳанд ниятҳои нопокашонро пиёда намоянд. Чунин ниятҳои фитнаангезро тариқи филми ҳуҷҷатии "Шикасти фитна" аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ тамошо кардам ва ба худ гуфтам, ки Улфатхоним Мамадшоева мебоист, ки ба тарбияи наберагон даст мезад ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят мекард ҳамчун як модари тоҷик аммо мутаасифона маблағҳои бедарди миёни хоҷагони хориҷӣ пеши чашми ин занро гирифтанд ва ҳатто таёр шудааст, ки миллату давлати худро ба як тини пучак бифурушад ё дар мисоли Холбашу Боқир, ки ҳисси маҳалгароиашон чунон боло рафтааст, ки аз худ як миллати дигар сохтаву ҷавононро ба ҷангу ҷидол ва ҳатто ба марг кашиданд. Дигар аз ун беодобоне ба мисли Али Шерзамонову Кабириву ду се тирмизаки дигарашон ки дар хориҷ қарор доранд чи бинолем, ки дар остин мор парвардабудаем. Яъне мегӯянд ку "Коре ки худи мекунад бегона намекунад".

Вақте, ки филми мустанади “ Шикасти фитна" тамошо кардам ба чунин андеша омадам, ки он ҷинояткорону иғвогароне, ки мехостанд мардумро , хосатан ҷавононро бо ҳар гуна ҳилаву найрангҳои худ ба иғво андозанд. Мақсадҳои нопоки он шахсон ошкор гардид. Мо ҷавонон набояд зиракии сиëсиро аз даст надиҳем ва ба доми ин гуна бадхоҳон гирифтор шавем.

Имрӯз бояд ақли солим ғалаба кунад ҷавонон бояд ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ осоиштаги ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем. Мо бояд бар зидди амалҳои иртиҷоӣ дастҷамъона мубориза барем. Мо, ҷавононро зарур аст зери сиëсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи роҳбарияти Олии кишвар чун ҳамешаги пайравони асали Пешвои муаззами миллат баҳри бунëд ва обод гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавон камари ҳиммат бандем.

Шикасти фитна - филми мазкур тамоми найрангу ҳилла, ватанфурӯшиву хиёнат ва амалҳои терористиву экстремистии гурӯҳҳои дар истило «ВАТАНДУСТОН» - ро ифшо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хусусан мардуми Бадахшон бояд бинанд ва хулосаи худро бароранд.

Он нафароне, ки лофи ватандорӣ мезаданд аслашон ифшо шуд, ки ба хотири фоидаи пулӣ ба даст овардан ҷавононро ба роҳи нодуруст таблиғ карданд ва ҷони даҳҳо ҷавони дигарро қурбон карданд.

Хушбахтона имрӯзҳо шохаҳо давлтдории мо бисёр рушд намудаанд хизматчиёни мақомотҳои қудратии мо ҳар лаҳзаву ҳар соат барои оромиву осоиштагии мардум саф ба саф истода Ватанамонро ҳимоя намудаистодаанд, ки шоёни таҳсину офаринанд МО ХИЗМАТҲОИ ҲАР ЯКИ ШУМОРО ҚАДР НАМУДА БА ШУМО РОДМАРДОНИ ДИЁР БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ.

Ва дар охир гуфтаниям, ки ин сухани Пешвои муаззами миллат "ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД" бояд дар гуши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садо диҳад ва дар забон такрор шавад чунки дар ин сухан як олам маъниву миллионҳо калом аст.

Хулас ҳар як бинанда бигузор бо ақли солими худ андеша кунад, имрӯз иқтидори давлату ҳукумат дар сатҳи баланд ва зарури побарҷост то чунин гурӯҳҳои тундрави фурухташударо ҷилавгирӣ кунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ