Ҷинояткор бояд ҷазо гирад!

Ҷиноят ва ҷинояткорӣ мисли дигар ҳуқуқвайронкунӣ – рафтори зиддиҳуқуқӣ аст, яъне муқобили қонун равона гашта, дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқӣ вайрон мешаванд. Кирдори ҷиноӣ дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ содир мегардад. Ҳаракат – рафтори зиддиҳуқуқии фаъолона буда, беҳаракатӣ бошад, дар шакли ғайрифаъолона амалӣ мегардад.

Ба ҷинояти ҲАРАКАТ рафтор ва амалҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров дохил мешавад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои баамаломада дар ВМКБ мебошад.

Хавфнокии ҷамъиятӣ – ин нишонаи ҷиноят дар он ифода мегардад, ки дар натиҷаи содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок ба шахсият, ҷамъият ва давлат зарари ҷиддӣ расонида мешавад ё таҳдиди расонидани чунин зарар ҷой дорад. Ба ин намуди ҷиноят зери латукӯб қарор додани раиси маорифи Бадахшон аз ҷониби Мамадбоқир Мамадбоқиров дохил мешавад.

Худ қазоват кунед ва хулоса бароред. Пас мебояд, ки нисбати амалҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров чора дид.Ҳамаи ҷиноятҳои вай сазовори ҷазост ва бояд ӯ ҷазои сахтаринро гирад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров як нафари ҷиноятпеша дар навори видеоӣ, ки дар интернет худро “бегуноҳ” шуморида, талаби осуда зиндагӣ карданро мекунад ва бехабар аз он, ки номбурда омили осуда зиндаги кардани ҳазор нафар ва нооромии як манотиқи кишвари азизамон гардидааст.

Мо бояд нисбати ин гуна инсонҳо ва рафтарҳои ғайриқонуниашон эҳтиёткор бошем. Шояд аз паси Мамадбоқир Мамадбоқиров барин инсонҳо боз касони дигар низ бошанд, ки онҳоро сарпаноҳӣ мекунанд. Ба монанди Муҳиддин Кабирӣ барин инсонҳо ки бар ивази амалҳои нопокашон нисбати мардуми тоҷик аз ҳисоби фармондеҳихоҷагони хориҷа кисаашонро пур мекунанд.

Воқеан бояд ҷиноятро аз оғозаш решакан намуд ва гарна он ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Чуноне, ки ҳамагон огоҳ ҳастанд воқеаҳое, ки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сар зада истодаанд оқибати ҳамдмгарнофаҳмӣ мебошад.

Ман ба ҳамаи ҷавонони саодатманди мардуми тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша муҳофизатгари кишвар ва марзу буми худ бошанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ