Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ
Ҷаҳони пуртаззоди имрӯз собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд. Яъне, барои ба даст овардани ғалаба душман аз усули ҳуҷум аз берун истода мебурд. Дар замони муосир бошад, ин усул тағйир ёфта, мавҷудияти захираҳои иттилоотӣ имконият медиҳанд, ки усули мубориза «аз дохил ба берун» истифода бурда шавад. Ин усул истифодаи яроқу аслиҳаи зиёд, хароҷоти гарони молиявӣ ва талафоти ҷонии душманро талаб намекунад. Баръакс, тавассути пешбурди таҳоҷуми иттилоотӣ, тағйири мафкура, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ва ақидаҳои аҳли ҷомеа қувваи дохилии онро ба муқобили худаш истифода мебарад.
Таъсиси даҳҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун василаи содда ва арзони муошират имконият фароҳам оварда истодааст, ки миллионҳо нафарон бад-ин васила вориди онҳо гашта, гурӯҳҳои худро таъсис диҳанд. Мутаассифона, ҳаракату равияҳои ифротгаро ҳам аз ин технологияҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб шуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд.Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Ҳодисае, ки дар Бадахшон ба вуқӯъ омад чашми аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро, ба моҳияти хурофот бояд кушод, то ин, ки ин зуҳуроти манфӣ решакан карда шуда, қаллобону фиребгароне, ки дар ин роҳ аз номи дин истифода бурданӣ мешаванд, нафратзадаи ҷомеа гарданд.
Тақвият бахшидани корҳои фардии тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои итилоотию маърифатӣ низ баҳри фаъолгардонии нақши ҷавонону зиёиён дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро мехоҳанд ба тафаккури ҷавонону наврасон ақидаҳои нодурусти номатлубро ҷой намоянд, ба ақидаву иғвоҳои бепояву бебунёд дар ҷомеа таҳлукаву бадбиниҳоро роҳандозӣ намоянд. Бештар бо роҳи фиребу найранг ва дахолати душманони дохиливу хориҷӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ фардҳои ноогоҳ ва ҷавонони зудбовари аз олами маърифату ахлоқ бехабарро ба гуруҳҳои худ шомил менамоянд.Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи ин гурӯҳҳои ифротгаро ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Зеро ки дар урфият гуфтаанд “Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дид”
Малика Томирис