​Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи об

Тоҷикистони азиз дар зарфи 30 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд ва ба вуқуъ пайвастанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Тавре, ки «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст [3]. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ин аст, ки имрўз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд. Зикри ин нукта ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид [2]. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдўсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад. Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 21-уми декабри соли 2016 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 – ро қабул намуд [3]. Мақсади асосии эълон намудани даҳсола ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои нави байналмилалии марбут ба об буд.

Ҳоло ҳиссаи нерўи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии нерўи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар ин замина ҳамбастагии «об – нерўи барқ – озуқаворӣ» низ, ки баҳисобгирии мутавозини манфиатҳои тамоми бахшҳои муҳимро таъмин менамояд, муҳим ба назар мерасад. Ба кор гирифтани чунин шеваи амал, бешубҳа, барои вусъати ҳамкории дурусту оқилона на фақат дар байни бахшҳо, балки дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар низ асоси боэътимод ба вуҷуд меорад. Барои расидан ба ҳадафҳои соҳаи об маблағгузории мунтазам тадбири муҳим мебошад. Мутаассифона, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тўли даҳсолаи охир саъю талоши кишварҳоро оид ба таъмини соҳаи об бо маблағгузории кофӣ коҳиш доданд. Аз ин лиҳоз таъсис додани сандуқҳои (фондҳои) гуногуни миллӣ ва минтақавию глобалӣ, инчунин дигар ташаббусҳо доир ба беҳсозии маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад, аз ҷумла ба кишварҳои камтараққӣ ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ, дар ҳалли ин масъалаҳо иқдомоти саривақтӣ хоҳанд буд [5].

Тоҷикистон аз рўи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтаанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалии марбут ба об нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди “СММ-Об” (ё ин ки “UN-Water”) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. Илова бар ин, соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурўҳи «Дўстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рўзномаи СММ нақши фаъол дорад. Ниҳодҳои болозикр дар пешбурди роҳҳои оқилона ва механизми татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» нақши бориз гузоштанд. Аз ин лиҳоз, интизор меравад, ки ин ду ниҳоди номбурда якҷо бо муассисаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҳавзаӣ ва миллӣ дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мусоидат хоҳанд кард [2]. Гузашта аз ин, қатъномаи болозикр механизмҳои дигари баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ-ро дар робита ба мудирияти захираҳои об муайян кардааст.

Бояд гуфт, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Бо баробарии ин, дар симои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчун поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Имрўз ҳамагуна чораҷўӣ ва ҷустуҷўи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба об, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд [1].

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри истифодаи самараноки нерўи об дар рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани рифоҳи мардум саъйю талош меварзанд Рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. Ҳар рўз ҳазорон кўдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Масъалаи норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар шудааст. Проблемаи мазкур мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад.

Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархўрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд. Шурўъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрўз ин мавзўъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ин иқдомоти Пешвои миллат боиси афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ўро ҳамчун як сиёсатмадори қавиирода, дурандеш ва инсондўст муаррифӣ намудааст.

Об чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода шавад. Инсон бояд обро ҳамеша покиза нигоҳ дорад. Он чорабиниҳои глобалие, ки дар сар то сари ҷаҳон дар асри нав барои ҳалли мушкилот оид ба об рафта истодааст, ин ҳама дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳу субот саҳми шоёни худро гузошта истодааст. Ин ҳама таваҷҷўҳ ба об моро водор месозад, ки манбаъҳои обиро самараноку сарфакорона истифода намоем.

Алиева Г.Ҳ. - мудири кафедраи забони хориҷии Коллеҷи омўзгории МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ