ИҚДОМИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАХСУСИ “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”
Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзу таҳкими он кафолати зиндагии осудаву шоиста барои наслҳои имрӯза ва фардо мебошад. Сулҳ арзиши бузурги башарият буда, он ба пешрафти иқтисодӣ, рушди илму маориф ва зиндагии осудаву осоиштаи халқ шароит фароҳам меоварад. Ҷаҳони имрӯза муташанниҷ ва пур аз низоъҳои сатҳи мухталифро фарогир буда, таҳкими сулҳу субот яке аз вазифаҳои умдаи инсоният ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардидани қатъномаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлати тоҷикон бештару беҳтар зарурати қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро дарк намуданд ва он аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бегоҳии 25-уми июни соли 2026 қабул гардид.
Бо қабули қатъномаи зикршуда давлатҳои узви ин созмон уҳдадор мешаванд, ки ба таври муштарак ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо чун заминаи асосии таъмини некуаҳволии наслҳои оянда ширкат варзанд ва тадбирҳои амалӣ андешанд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳадафи асосии даҳсола ин афзун намудани фарҳанги сулҳ ва сулҳофарӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон, ҳамкории байнидавлатӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватанпарвариву ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъват мекунад.
Дар ҳақиқат, насли оянда чун вориси миллату давлат бояд дар муҳит ва руҳияи боамнӣ ва осоиштагӣ ба воя расанд, касбу ҳунар ва дониш омӯзанд, қобилият, лаёқат ва истеъдоди хешро инкишоф дода, дар таҳкими пешрафти ҷомеаи муосир саҳмгузор бошанд. Аз ин ҷиҳат, сулҳ ин, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити зиндагии боамн, адолати иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳои баробар барои тамоми наслҳо ба шумор меравад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ талошҳои бисёр намуда, имрӯз дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назаррас ва муттаҳидии халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат, таҷрибаи сулҳоварӣ ва сулҳофарӣ дар кишвар ҳамчун намунаи ҳалли мусолиҳатомези низоъҳо эътироф мегардад. Сарвари давлати тоҷикон бо пешниҳоди ин иқдоми беназир бори дигар тасдиқ намуданд, ки тоҷикистониён ҷонибдори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Қабули қатъномаи мазкур боиси ифтихори халқи тоҷик аст.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар баромад намуда, нақши муҳимро дар ин раванд мебозанд. Ҳамаҷиҳата онҳо бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, маърифати баланду хоса, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бо ҳисси масъулияти махсус дар ҳифз намудани сулҳу субот бештар саҳм гузоранд.
Қобили зикр аст, ки тарбияи насли ояндасоз ва сулҳпарвар, пеш аз ҳама, дар оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа сарчашма мегирад. Аз ин ҷиҳат, омӯзиши таърихи Ватан, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фарҳанги сулҳпарвар ва муколамасоз, эҳтиром ва риояи гуногунандешӣ ба ҷавонон баҳри дарки амиқи мазмуни сулҳ мадад мерасонад. Омӯзиш ва дарки фарҳанги миллӣ, мероси адабӣ ва илмӣ, санъати миллӣ ва варзиш низ василаҳои асосии таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми байни наслҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ташаббуси беназири Сарвари тоҷикистониён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри бунёди ояндаи боамну осудаву осоишта ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзи сулҳ ин вазифа ва масъулияти ҳар як инсон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дӯстиву эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми худро гузорем, то наслҳои оянда дар фазои боамну осоишта ва имкониятҳо ба воя расида, саҳми хешро дар баланд бардоштани нуфузи кишвар ва муаррифии он гузоранд.
Мавзуна Рашидӣ,
устоди кафедраи сиёсатшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»