​Иғвою разолати навбатии Садир Жапаров

Баъди шунидани баромади душманонаи ПрезиденетиҚирғизистон Садир Жапаров дар иҷлосияи 77-маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид одам ба ҳайрат меафтад. Аз муҳтавои баромади ӯ чунин бармеояд, ки дар Қирғизистони имрӯз ба ҷуз мушкилот бо марзи Тоҷикистон дигар ягон мушкилот гӯиё, ки вуҷуд надошта бошад. Ин дар ҳоле, ки Қирғистон имрӯз дар дохилихуд сахт аз фасоди густурда, беадолатиҳои сиёсӣ, гурӯҳбозӣ, беқонунӣ,ҳокимяти роҳбарони ҷиноятпешаву ҷангҷӯе, ки солҳо аз зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии ин кишвар дар муҷозот будаан сахт ранҷ мебарад.

Имрӯзҳо, ки наворҳое дуруғин дар сомонаҳои интернетӣаз ҷониби журналистони бевиҷдон ва зархаридони ҳукуматидавлати Қирғистон паҳн шуда истодааст яқин маълум гардид, ки онҳо тибқи нақша амал мекунанд ва ба давлати мо нигоҳи ғаразноку амалиётҳои ҷанги нақша доранд. “Офтобро бо доман пушида намешавад” ин дурӯғҳои беасос рӯзе фош мегардад. Охир аҳдшикастан ва ҳамлаи ногаҳонӣ ба воситаи ҳавопаймои бесарнишини ва дигар намуди яроқу аслиҳа, ба сарҳади мо, ба халқи бегуноҳ маҳз аз ҷониби Қиризстон ба амал омад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик боре ҳам ба ягон давлати ҳамсоя бо чашми ғаразу нияти бад даст дароз накардааст. Мардуми тоҷик аз азал сулҳофару сулҳпарвар аст. Имрўзҳо, халқи тоҷик шукри неъмати истиқлол ва ободии кишвар мекунад ва сулҳу амониро чун муқаддастарин неъмат медонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо таҳаммул ва солорӣ чандин мушкилотро паси сар кардааст ва хуб медонад, ки ҷангу хунрезӣ роҳи ҳалли масъалаҳо шуда наметавонад.Ва ҳамеша кушиш мекунад, ки бо роҳи муроссо ҳалли масъаларо ёбад

Мардуми шарифи тоҷик ҷанги беадолатонаву таҷовузкорона ва ғоратгаронаро қабул ва таҳаммул надорад, аммо ҷангеро, ки барои ҳифзи Меҳан ва марзу буму миллату давлат, зану фарзанду пайвандони худ анҷом дода мешавад, ҷанги муқаддас медонад ва дар ин росто кушта шуданро камоли шарофатмандӣ мешуморад. Аз ин хотир барои беш аз буда мураккаб нашудани вазъ, хуб мешуд, ки тафтишоти ҳамаҷонибаи муноқишаи мазкур сурат гирифта, қотилон муайян ва дастгир карда шаванд. Бигзор дасисабозон дарёб карда шаванд, ки ҳама гуна аъмоли бад ҳатман подоши сазовор хоҳад дошт.

Cардор Олимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ