Иғвои навбатии ТЭТ ҲНИ
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон барои миллати тоҷик падидаи басо фаромӯшнашванда мебошад.
Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан ҳам нақшаву нияти нек дошт. Дар натиҷаи талошҳои пай дар пай ва вохуриву гуфтушунидҳои зиёд санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид, ки ин тантанаи сиёсати хирадмандонаи ў ба ҳисоб меравад ва ҳақиқатан як будани қавлу амал ва зоҳиру ботини ўро нишон медиҳад.
Барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997 чун санаи муқаддас, як рӯзи дар ҳаққиқат таърихӣ, зиёда аз ин ҳамчун як воқеаи тақдирсоз мавқеву мақоми хос дорад. Дар ин ҷода мо бояд дар атрофи Президенти кишвар, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем.
Лек боз ҳам ин хоинони миллат мехоҳанд дар мафкураи ҷомеи ақидаҳои нопоку ғаразноки худро ҷойгир намуда, бад-ин васила мехоҳанд исбот намоянд, ки мардум бар зидди ҳокимият ва сиёсати пешгирифтаи сарвари худ бошанд. Бинбар он тасмим гирифтаанл, ки санаи 30.06 соли ҷорӣ мизи мудаввар доир намоянд ва исботи онро намоянд, ки ҳама он гуфтушунидҳо бардуруғ ҷараён гирифтаанд. Онҳо акнун дар гузашти 25 соли ба имзо расиданиСозишномаи истиқрори сулҳ гуё ба хулосае омадаанд, ки он ҳама фитна аст. Мо ба шумо муроҷиат карда гуфтанием: “Эй хоинони миллат он қадар вақти худро барои дасисабозӣ сарф накарда, аз паи кори худ шавед. Зеро мардуми кишвар кайҳост, ки шуморо шинохтаанду аз ақидаҳои носолими шумоён огаҳанд. Намегузоранд, ки шумо сулҳу субот ва оромии ҷомеаро халалдор намоед!!!!”
Воқеан, имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон гузоштааст.
Исмоилова М.Б.-сармуаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ