Иғвои навбатии нохалафони миллат

Дар шабакаи иҷтимои боз як иғвову буҳтони беасосе аз ҷониби барнома бо ном “Минбари озод. Бомдод” дар мавзуи “Боз як шаби пурташвиш дар Хоруғ: Сарнавишти Мамадбоқир чӣ мешавад?” паҳн гардидааст, ки мо зиёиёнро боз ҳам ба андешидану ибрози назар намудан водор месозад. Чуноне, ки аз навиштаи ин “Бомдод” пай бурдан мумкин аст сухан доир ба ким кадом як Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки гуё яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон будааст, меравад. Ин нафар аз руи навиштаи манобеъи нашршуда аз ҷониби мақомоти қудратии Бадахшон барои дастгир намудани Мамадбоқир гуё баҳона ҷуста истода бошад. Ва ин қазия ба барканор гардидани Раиси ВМКБ рабт дошта бошад. Ин навишта ягон асос надорад ва рабте ҳам ба барканории Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дошта наметавонад. Зеро, барканории Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов сабабҳои динар дорад.

Ҳатто онҳо ба навиштаи беасоси худ он қадар боварии комил надоранд. Зеро чунин навишта омадааст: “.....То куҷо воқеият доштани ин фарзия рушан нест, вале ин ки дар ин авохир, бахусус баъди муноқиша бо кормандони милитсия абрҳои тирае болои сари Мамадбоқиров ҷамъ шудаву торафт ғафстару ғафстар мешаванд, ба як амри яқин тадбил ёфтааст....”.

Умуман, навиштаи “Минбари озод. Бомдод” танҳо бо мақсади ноором сохтани вазъияти ВМКБ ба табъ расида, ба ин васила ноором сохтани ҷомеа асту халос. Лек ин нохалафон бояд хуб дарк намоянд, ки ҷомеа аллакай онҳоро хуб мешиносад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

Исмоилова М.Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ