Ҳифзи истиқлол

Чист Истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳид аз онем, ки дар саросари кишвари азизамон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҷашни 33-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи мо муҳимму таърихӣ таҷлил мешавад. Сию се сол муқаддам, тақрибан ҳеҷ касе бовар надошт, ки миллати азиятдидаи тоҷик ба чунин рӯзҳои нек мерасад. Аз он ҳама даҳшату ваҳшат, аз садои гӯшхароши тиру туфанг дигар асаре намонд. Имрӯз ҷойи садои гиряи модаронро хандаҳои дилпазири фарзандони мову шумо иваз карданд. Имрӯз ҷойи харобазорҳои кишвари моро гулгашту хиёбонҳо ва биноҳои зебову дилрабо гирифтанд. Имрӯз ҳар як тоҷик бо сари баланду ифтихори миллӣ аз соҳибватанӣ сухан мегӯяд, ки бешак ҳамаи ин неъматҳо бояд шукргузориву қадрдонӣ шавад. Имрӯз воқеан ҷойи шукргузорист, ки миллати ормонии мо дубора аз соҳибистиқлолӣ сухан мегӯяд, дубора тақдири худро ба дасти худ рақам мезанад.

Ҳарчанд Истиқлоли давлатӣ дарвозаҳои саодатро ба рӯйи мо боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт, таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳоло агар мо дар бораи дастовардҳо ва нуфузи байналмилалии давлати худ ҳарф занем, беихтиёр даврони пурошӯби солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ пеши назар меоянд. Таърих низ фаромӯш нахоҳад кард, ки он солҳо бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ, махсусан саркардагону пайравони ташкилоти террорстии Ҳизби наҳзати ислом ҷанги шаҳрвандӣ ташкил карда шуда, пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид. Дар чунин вазъияти сангин Пешвои муаззами миллат мардумро аз парокандагӣ ва давлатро аз завол наҷот бахшиданд. Яъне, моро аз масири нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохтанд.

Имрӯз халқи шарафманди тоҷик дар ҳоле 33-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад, ки номи Тоҷикистон ба туфайли ташаббусҳои байналмилалии Сарвари башардӯсташ дар минбарҳои бонуфузу маҳфилҳои гуногуни ҷаҳонӣ садо медиҳад ва аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор мебошад. Имрӯз ҳар яки мо аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ифтихор менамоем. Ҳоло дар ҷаҳон ҳудуди 2500 халқияте ҳаст, ки забони алоҳидаи худро доранду бо он ҳарф мезананд. Аммо дар ҳоли ҳозир, дар дунё ҳамагӣ 200 давлати мустақил мавҷуд аст, на ҳама он давлатҳои миллӣ мебошад. Пас, ҳамин ифтихор моро кофист, ки мо давлати мустақили худро дорему бо ифтихор номи Тоҷикистонро ба забон меорем. Яъне, имрӯз мо яке аз хушбахттарин миллатҳои соҳибдавлати оламем, ки соҳиби неъмати рақам задани тақдири худ ба дасти худ мебошем. Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сарукоре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Имрӯз дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ҳар як соҳибватан дар шахси худ, дар муҳити оилаи худ, дар маҳалли зисту кӯчаву ноҳия, дар чеҳраи нуронии мӯсафедон, дар табассуми беғаши кӯдакон ва дар озодиву соҳибихтиёрии аҳли ҷомеа пай мебарад. Имрӯз вақте сухан дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ меравад, бешак пеши назари ҳар яки мо симои Пешвои муаззами миллат намудор мегардад.

Дар баробари ифтихор аз Истиқлолу соҳибдавлатӣ набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама давру замон беназорату бетартиб мондани фазои сиёсиву динӣ ҷомеаҳоро ба бадбахтиҳои азим мерасонад. Мо мисоли ин гуфтаҳоро дар чанд соли гузашта дар чандин кишвари мусулмоннишин шоҳид гардидем. Шоҳид будем, ки чи гуна манфиатхоҳони дохилию берунӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба хоку хун кашиданд. Бинобар ин, муҳимтарин вазифаи ҳар яки мову шумо дар ҳамин шароити мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ҳифзи Истиқлоли давлат ва дастовардҳои он мебошад. Зеро Худое накарда, агар ба истиқлоли давлати мо халале ворид шавад, зиндагии осудаи мо, тарзи зиндагии мо, анъанаву расму оини мо, забону фарҳанги мо зери хатар мемонад. Дар кишвари ҳамсоя дидем, ки гурӯҳи тундгаро бо ба қудрат расидан аввалин коре, ки кард ин муқовимату душманӣ бо забону фарҳанги тоҷикӣ буд. Манъи таҳсили духтарон ҳам аз ҷумлаи аввалин тасмимҳои чунин гурӯҳҳо буд. Худоро шукр, имрӯз дарҳои мактабҳо барои фарзандони мову шумо боз аст.

Се сол пеш Пешвои миллати мо дар суханронии худ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар радифи таҳлили ҳамаҷонибаи роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ, инчунин мардуми кишварро ба садоқату поквиҷдонӣ нисбат ба Ватан, миллат ва давлат даъват намуданд: Сарвари давлат иброз дошта буданд, ки:

“Ман ба мардуми шарифи кишвар ва махсусан, ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунед.

Баръакс, шукр кунед, ба Ватан ва давлату миллати худ содиқ бошед ва ифтихор намоед, ки мову шумо соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва аҳли башар моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангиву тамаддунсоз мешиносад ва эътирофу эҳтиром мекунад”.

Таъкидҳои болозикри Пешвои миллат ҳар як соҳибватанро бояд ба андеша водор созад. Чунончи Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси худ мефармоянд: Ду неъмате ҳаст, ки бештари мардум онро нодида мегиранду ба қадраш намерасанд. Аввал, тани сиҳат ва дуюм оромиву осудагӣ. Пас, мо бояд ба қадри ин ду неъмат бирасем. Аввал, барои ҳифзи солимии худу ҷомеа кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем, баъдан, ба қадри сулҳу суботе, ки дар кишвари мо пойдор аст, бирасем, аз ин неъмат пайваста шукргузор бошем. Шукргузории худро бо амалу садоқати худ нишон диҳем, ҳар лаҳза омодаи ҳифзи марзу буми Ватан бошем, зеро ҳифзи марзу буми Ватан ба маънии ҳифзи худу аҳли оила, ҳифзи падару модар, ҳифзи номуси ҳамсару хоҳар, ҳифзи осудагии фарзандон мебошад.

Қобилов А., муаллими кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ