Ҳифзи амнияти арзишҳои миллӣ аз дидгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ

Замони соҳибистиқлолӣ ба мардуми Тоҷикистон, хоса, ба мо – ҷавонон дари имкониятҳои зиёдро вонамудааст, ки бояд қадри ин осудагиву озодиву сарватҳои маънавӣ ва моддиро бидонист ва сазовори ҳама ин неъматҳои беминнат гардид. Имрӯз чун ҳамагон огоҳанд, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан бар манфиатҳои моддиву маънавии мардум асосгирифта, сарвари мамлакат дар ҳама ҳолат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеш аз ҳама, осудагӣ ва амнияти миллии мардум таъмин бошад, то мардум бо хотири ҷамъ дар бораи зиндагии хушу пешрафта, кашфиётҳо ва дигар намудҳои фаъолият андеша намоянд ва кӯдакони худро бо ҳавсала ва бо мақсадҳои олӣ ба камол расонанд. Амнияти мардум барои Пешвои миллат ҳамеша дар мадди аввал меистадва дар ҳарПаёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо борҳо ба таъкид меоранд, аз ҷумла, дар яке аз Паёми худ масъулиятшиносона ва дилсӯзоначунин мегӯянд: “Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем”(4, 31). Ин суханони худро борҳо амалан ба исбот ҳам расонидаанд, ки таърих ва мардум шоҳиди зиндаи он мебошанд.

Амнияти миллӣ дар назари банда фарогири масъалаҳои зиёде мебошад, аз ҷумла, дар зери ин мафҳум, азяк тараф,осудагӣ ва эмин будани мардумаз ҳар хатару хавфи берунафаҳмида шавад, аз ҷонибидигар амну осоиши як миллати бузург аз ҳама гуна хатарҳои маънавӣ, бегонапарастӣ, дуршавӣ аз эътиқоди аҷдодӣ, ноогоҳӣ аз мақому манзалати гузаштагони худ, дониши ҳақиқӣ надоштан,сохтакориву худнамоӣ, гум гаштани беҳтарин расму оинҳо ва фарҳангу ахлоқимиллӣ ва мисли ин чандин ҳолатҳоеро фаҳмидан мумкин аст, ки ба амнияти маънавияти инсонӣ рахна меандозанд.

Президенти кишвар дар ин маврид чунин менависанд, ки “Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳуақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар мебошад” (4,32). Дар ҳақиқат, насли аз ҳар ҷониб мукаммал ва огоҳро тарбия намудан аз вазоифи муҳими ҷомеаи имрӯз ба шумор меравад. Зеро маҳз ҷавонон созандаиҷомеаи мутамаддини оянда мебошанд. Яке аз роҳҳои беҳтарине, ки мардумро аз ҳар гуна хатарҳои моддиву маънавӣ наҷот мебахшад, ин рӯ овардан ба андешаҳо ва раҳнамоиҳои ниёгони худ, олимон ва ҳакимон, хоса адибони классикӣ ва муосир мебошад, ки эшон бо нигоҳи дурбинонаи худ роҳу равишҳои зиёди пешравии маънавӣ ва камолоти инсониро нишон медиҳанд. Суханварони классики мо дар намуди жанрҳои гуногуни адабӣ андешаҳои мушаххаси худро доир ба тарбияи инсони комил, огоҳ ва худшинос, инчунин омилҳое, ки барои амну осоиши мардум заруранд, дақиқназарона баённамудаанд. Бо сабаби таълифи мақолаи мазкур банда ба осори пурмӯҳтаво ва андешаҳои ҳакимонаи мутаффакири бузурги Машриқзамин, шоири барҷастаи асри XV Абдураҳмони Ҷомӣ рӯ овардам ва барои тақвияти фикрҳои худ аз осори ин суханвари бузургмадад ҷустам. Зеро Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари олим ва адиби барҷастаи давр будан, яке аз нафарони пешрафтаву соҳибмақоми замони худ ва шахси огоҳ аз давлатдориву раъиятпарварӣ маҳсуб меёфт. Дар осори шоир андешаҳои фаровонеропайдо кардан мумкин аст, ки дар ҳақиқат, барои бунёд сохтани ҷомеаи комилан иттифоқ, соҳибфарҳангу эмин аз ҳар гунахислатҳои зиддиинсонӣҳидоят месозад.

Мо асосан ба достони “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ такя намудем, ки яке аз маснавиҳои беҳтариниахлоқии таркиби “Ҳафт авранг”-и шоир мебошад. Чи тавре ки дотсент М. Ӯруновадар як мақолаи худ дар атрофи мазмун ва мундариҷаи ин достон муфассал сӯҳбат ороста,дар оғози андешаҳояш зикрменамояд, ки“... ҳарчанд перомуни достони мазбур пажӯҳишоти мухталиф анҷом пазируфтаанд(дар ин ҷо М. Ӯруноваба корҳои дар ин мавзӯъ ба анҷомрасидаишора дорад – Қ. Ф.), аммо дар хусуси мӯҳтавои асар ва афкори ахлоқии Мавлоно Ҷомӣ дар он маълумоти комил пайдо кардан ғайриимкон аст. Ҳол он ки суханвар дар асар бисёр “масъалаҳои фалсафӣ-таълимӣ ва ҳикмату ахлоқро пеш гузошта, онҳоро аз мавқеи гуманистӣ ҳал менамояд” (6, 22). Аз ин ҷиҳат, мо ба таҳлили баъзе андешаҳои Ҷомӣ дар мавридимардумпарвариву адлу ҷуд ва худогоҳиву худшносӣ, ки дар якҷоягӣ ба амну осоиши мардум мусоидат мекунанд, пардохтем.

Дар назари Ҷомӣ омили нахусти инсонӣ ва ҷамъияти солим ин соҳибдониш будан аст, ки шахсро аз хислатҳои зиёди манфӣ бозмедорад:

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,

Ки бар дасту по кор гардад дуруст (1, 262).

Дилатро ба донишварӣ дор хуш,

Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кӯш (1, 263).

Дар ҳақиқат, инсоне, ки соҳиби дониш аст ва дорои фарҳанги миллӣ аст, ҳаргиз ғофилона ва гумраҳона ба ҳар гуна тариқи бесамару бадоқибат рӯ намеоварад. Чунон чи имрӯз дар ҷаҳони муосир чандин гурӯҳҳои экстримистӣ, офатҳои нашъамандиву бадахлоқӣ ва мисли ин муаммоҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба рӯҳият, маънавият,эътиқод ва амнияти халқҳои ҷаҳон зарар мерасонанд. Мутаасифона, ин таъсирҳои пуросеби беруна дар кишвари мо низ беасар нест. Ҷавонони зиёди моаз ҷиҳати ноогоҳӣ ва дониши кофӣ надоштан дар мавриди улуми диниву дунявӣ фирефтаи кӯшишҳои бадбинонаиқувваҳои беруна гардидаанд, ки пушаймонии онҳо пас аз даргузашти вақт бесуд хоҳад буд.Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Хирадномаи Искандарӣ” дар ин маврид чунин менависад:

Ҷаҳоне шуда з-ин бутон хоксор,

Бутонро ба он бутпарастон гузор.

Кун аз саҷдаи бут рухи хеш пок,

Агар дигаре бут парастад чӣбок?

Ба дил ношуда майли дунёт сахт,

Бикаш аз ҳарими таманнош рахт.

Ба ибрат зи пешиниён ёд кун,

Дил аз ёди пешиниён шод кун(1, 284).

Ин порча ҳидоят бар он мекунад, ки ҳар нафаре, ки худшиносу худошиносу худогоҳ аст, ҳаргиз “бутпарастӣ”, яъне бегонапарастӣ намекунад.Ба арзишҳои миллии худ эҳтиром мегузорад вабар зидди эътиқоди гузаштагонаш рафтори ношоистаро ба амал намеоварад. Он ҷавононе, ки аз ноогоҳӣ ва ғофилии худ ба бегонапарастӣ даст заданд, яъне дар умеди маблағҳои бегонагон (шахсоне, ки дар зери ниқоби “ислом” боваъдаҳои пуч як қисм ҷавонони моро аз ватани осудаву соҳибистиқлоли худ берун карданд), хонаи ободи худро тарк карданд ва ба хидмати“дигарон” камар бастанд, “нафарони кӯре, ҳастанд, кидар даст чароғ дораду роҳи ғайр равшан мекунанд, аммо худ аз рӯшноии он чароғ баҳраманд шуда наметавонанд”:

Чу аъмо, ки бошад чароғаш ба каф,

Фурӯғи чароғаш фитад ҳар тараф.

Бувад равшан аз вай раҳи дигарон,

Раҳи вай аз он рашванӣ баркарон.

Ба ҳар кас раҳи ошноӣ мапӯй,

Зи ҳар ошно рӯшноӣ маҷӯй (1, 285).

Айнан ҳамин гумроҳӣ халали ҷиддӣ ба амну осоиши мардум мерасонад ва аз“дуди сияҳ”-и он ба касе накӯӣ намерасад, ки ин масъала аз назари Ҷомӣ чунин арзёбӣ шудааст:

Зи гумкардараҳ раҳнамоӣ кӣ ёфт,

Зи дуди сияҳ рӯшноӣ кӣ ёфт.

Зи сарчашма чун талху шӯр ояд об,

Зи лабташнагон кай барад таффу тоб (1, 278).

Ё ҷои дигар менависад, ки:

Макун ҳамнишинӣ ба ҳар бадсиришт,

Ки дуздад аз ӯ табъи ту хӯи зишт (1, 285)

Дар ҳақиқат, амалҳое, ки бар мақсадҳои баду манфиатпарастӣ бунёд ёфтаанд, касроҳаргиз ба рӯшноӣ намебарад ва боиси парокандагӣ ва торикии ақли мардум мегардад.Бояд ба нияту амали нек ба манфиати мардум хидмат намуд, зеро:

Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,

Дил аз ҳар бадӣ баркарон оядат.

Нашуста зи худ ҳарфи айб аз нахуст,

Зи ту айбшӯӣ наояд дуруст(1,278).

Мусаллам аст, ки дар тамоми осори Абдураҳмони Ҷомӣ раъиятпарварӣ ва адолатхоҳӣ дар мадди аввал меистад. Шоир хоса ононе ки мардумро сарварӣ мекунанд ва зиндагиимардум бо эшон сахт робита дорад, ба мардумнавозӣ раҳнамун месозад ва менависад:

Маяфган ба кори раият гиреҳ,

Худо он чӣ додат, ба эшон бидеҳ.

Тараҳҳум куну афву бахшиш намой,

Ки инҳо расидат зи фазли Худой (1, 278).

Садои хуш аст ин куҳан тоқро,

Ки адл аст маъмурӣ офоқро(1, 246).

Ҳар он дил, ки аз адл ҷон парварад,

Куҷо рӯба зулмоти зулм оварад(1,246).

Назаре ба фаъолияти сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардан касро ба чунин андеша мебарад, ки сарвари давлат гӯё аз тамоми ин осори ниёкон огоҳии комил доранд ва ҳама он гуфтаҳоро дар фаъолияти худ бо самар истифода мебаранд. Зеро ҳама он афкоре, ки аз ҷониби суханварони классикии мо дар мавриди адаолатхоҳиву раъиятпарварӣ ва ободкориву хидматгузори мардум будан гуфта шудааст, дар шахсияти инсонӣ ва подшоҳии сарвари мамлакатамон равшан ба назар мерасад. Зеро, аслан, шуарои классикии мо шоҳи асл ва ормонии худро чунин тасаввур мекарданд. Маснавии “Хирадномаи Искандарӣ”ва “Искандарнома”-ҳои дигар низ маҳз ба иннийяту орзуи ботинии шоирони классикрӯи коромада, хушбахтона, ин орзуву ормони деринаи мардум дар замони мо амалӣ гашт ва аз некӯиҳо ва раъиятпарварии подшоҳи воломақоми худ ҳамагон баҳраманду сарбаланд ҳастем:

Ки табъи шаҳ аз ҳар ғам озод бод,

Ба адлаш ҳама олам обод бод.

Дар маҷмӯъ, ҳама он порчаҳои шеърие, ки аз ин маснавии пурмӯҳтавои Абдураҳмони Ҷомӣ оварда шуд, барои тарбияи инсони комил ва такмили хислатҳои некӯи одамӣ роҳҳои хуби пурсамарро нишон медиҳад вамо - ҷавонони имрӯзаро боз ҳам огоҳтар месозад, то бо истифода аз ин имконоти мавҷуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешравӣ ва дастгирии ҷавонон омода сохтааст, аз ин озодиву сулҳу амоние, ки дар Ватани азизамон ҳукмфармост, корҳои шоистаеро дар ҷодаи илму фан, дар бунёди оила ва ҷомеаи ахлоқан солимба анҷом расонем. Хуб мешуд, ҷавонон, ва ҳатто волидайне, ки имрӯз насли хурдро ба воя расонида истодаанд, дар тарбияифарзандони хеш дар мавридҳои муносиб рӯ ба осори пурғановат ва пурҳикмати ниёгони худ оваранд ва ба ин восита дилбандони худро ба худшиносиву комилӣ ва огоҳиву пешравии маънавӣ ҳидоят созанд.

Қаюмова Ф.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ