​ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ: МЕҲРОНА АБДУҚОДИРОВА СОҲИБИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» донишҷӯи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Меҳрона Абдуқодирова сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Меҳрона Абдуқодирова-донишҷӯи курси дуюми факултети забонҳои шарқ, дар номинатсияи «Дизайн» бо нишон додани маҳорати баланди эҷодӣ ва истеъдоди худ, ба ин дастоварди назаррас ноил шуд.

Соҳиб гардидан ба Шоҳҷоиза дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад,бозгӯи истеъдод, завқи баланди бадеӣва талошҳоидонишҷӯ дар роҳи омӯзиш буда, дар баробари ин боиси ифтихори аҳли Донишгоҳ мебошад.

Раёсати Донишгоҳ дастоварди Меҳрона Абдуқодироваро муборакбод гуфта, ба ӯ дар роҳи эҷод, омӯзиш ва ба даст овардани комёбиҳои нави илмию фарҳангӣ, муваффақиятҳои беназир таманно менамояд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ