Ифтихорам Тоҷикистон
Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Вале мутаъсифона нафароне чун Кабирӣ ёфт мешаванд, ки ҳамаро ба иғво меандозанд. Вақте, ки баромади ин аблаҳи муттаҳамро гуш кардам вуҷудамро алами меҳанпарастӣ фарогир шуд. Ин аблаҳ бо кадом рӯйу бо кадом забон оиди силоҳу ҷанг сухан мекунад. Магар ҷанг, милатеро ба иғво андохтану ақидаҳои ифродиро дар зеҳни мардум ҷо кардан дар дини ислом ҳаром нест? Магар сабабгори он ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамаро олудаи хун кардҳаммаслакони ҲНИ бо сардории Кабирӣ набуд? албатта онҳо буданд. Зеро дар ҳамон давр ҳам онҳо зери шиори демократия ин қадар корҳои ҳарому ифротро карданд, ки ҳадду канор надорад. Ин муттаҳамони ҷангҷӯй, кӯрнамакони иғвогар боз мехоҳанд, ки мардуми тоҷик силоҳ ба даст гираду барои озодии худ мубориза барад. Ҳаргиз на! Дар хоби шабат ҳам ин хел намешавад,Кабирии муттаҳам. Хоки Ватан кӯрат кунад, шири модар заҳрат шавад, ки ту ин гуна иғвоҳоро боз ба сари тоҷик меорӣ. Мо мардуми озод ҳастем ва ба фишори ягон нафар қарор надорем ва ҳеҷ касҳам ба монанди ту ба мо фишор оварда наметавонад. Ин ҳама иғвоҳои ту аз алам аст. Зеро Тоҷикистон имрӯз бо сарварии Пешвои муаззами худ дурахшону ба ҷаҳониён машҳур гаштааст. Мо намехоҳем, ки боз таърих варақгардон шаваду хуни ноҳақ резад. Ҳамаи Шумоён барои амалҳои ношоистаатон дар назди Қонун ва ҳам дар назди Худованд дар ҷавоб ҳастед. Тоҷик ҳаҷ гоҳ барои озодӣ силоҳ ба даст намегирад. Зеро мо дар фазои ободу осоишта дар муҳити якдигарфаҳми умр ба сар мебарем ва кишварамонро дар муддати 30 сол якдилона муттаҳид гашта обод намудем. Намехоҳем ва намегузорем, ки ту баринкурнамакони муттаҳам моро сарнагун созанд. он пешниҳоде, ки Шумоён дар шакли барнома дар ҳаҷми 70 саҳифа тартиб додаед, сар то по суханбозианд ва ягон маъниву ҳадафи пок дар он ҷо вуҷуд нест. Агар мо бахусус занон ба ин суханони ту барин аблаҳ бовар кунем чун занони Афғон, ки имруз аз дасти толибон ба дод омадаан хоҳем шуд. Ҳаргиз не!!! Ту иштибоҳ кардаӣ Кабирӣ. Тоҷик муттаҳид аст, озод аст ва дар фазои сулҳу субат, ки баори ту барин инсонҳо ин мафҳум ноошност умр ба сар мебарад ва ХУШБАХТ аст.
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Биоишаи Назар