​Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир

Дар ҳама давру замон ифротгароӣ ва иғвоангезӣ чун падидаи номатлуб эътироф гардида, ҷомеаро ба оқибатҳои ногувор гирифтор месозад. Дар илмҳои ҷомеашиносӣ, алалхусус сиёсатшиносии муосир ин падидаро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд.

Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнини сатҳи давлатӣ, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои мухталифи нақлиётӣ ба сифати гарав ва монанди он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғгвоангезиро дар худ инъикос намуда, бо терроризм иртибот дорад. Аммо ҷомеаи имрӯзаро ҳамин мақсад кофист, ки ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботӣ ва нооромиро доро буда, ба оқибати нохуш ва нанговар оварда мерасонанд.

Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор эътироф дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатл, талаву тороҷ, ваҳшоният ва даҳшат гирифтор шудааст. Тамоми корҳои ғаӣришаръӣ аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қувва ва иродаи ҷавонон боварии комил дошта, эътимоди онро дорад, ки ҷавонони кишвар ин рисолат ва вазифаи худро бо комёбӣ пайваста, ба субот мерасонанд. Зеро ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа ба шумор меравад. Пас аз қабул гардидани ин санади ҳуқуқӣ, яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятбахши сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, садоқат, фарҳангдӯстӣ ва маданиятнокӣ сарчашма мегирад.

Муаммоҳо, ки сабабгори нигаронии ҷомеаи имрӯза гаштааст, ин коста шудани маърифат ва худогоҳии ҷавонон ҷиҳати пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки сабаби гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани хоҳиши наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Вазифаи муҳимитабақаи бомаърифат ва бонанги имрӯза аз он иборат аст, ки дар қалби ҷавонон пайдо намудани ҳисси баландимиллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддият, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул ба ҳисоб меравад. Эшон минбаъд низ чун намояндагони бонанг ва шоистаи миллати хеш Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти худро дар баробари ниёгон, ҷомеаи муосир амиқ муайян намуда, ба хотири тақкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватан кулли нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Парвиз Хаитов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ