​Ифротгаро ҳеҷ ба мақсад нарасад

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти ҷаҳон хатар оварда, вазъи сиёсии ҷомеаро муташанниҷ сохтааст.

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

ҲНИ яке аз ташкилотҳои террористӣ ба ҳисоб рафта, амалҳои гурӯҳи мазкур хусусияти эктремистӣ дорад. ТТЭ ҲНИ тӯли чанд сол аст, ки вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар кишвар халалдор намуда, барои расидан ба ҳадафи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд, ки амалҳои террористонаи ташкил намудаи онҳо дар соли 2015 гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Аслан ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯзҳо низ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд нафар ҳаммаслакони онҳо дар хориҷ қарор гирифта мехоҳанд, бо ҳар гуна баромадҳои худ фазои идеологии кишварро вайрон намоянд. Айни замон ин хоинони миллат тамоми қувваи худро ба он равона намудаанд, ки бо баромадҳои бардурӯғи худ мардумро зидди давлат равона намуда, бо тақсим намудани миллат ба гурӯҳҳо боз бетартибиҳо ва ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо ба вуҷуд оранд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки баъди ба мақсадҳои ғаразноки худ нарасидан ин хоинони миллат аз Тоҷикистон гуреза шуда, ҳоло ҳам аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд. Яъне онҳо мисли манқурт шудаанд, ки бе ғайр аз иҷрои супориши хоҷагон ва ё спонсорони худ дигар ягон фикр дар сарашон намеояд.

Баромади охирони Муҳиддин Кабирӣ, ки санаи 1 сентябри соли 2021 пахш гардид, ҳама зиштиҳо, дурӯғҳо, иғвоҳоро дар худ ниҳон дошт. Аммо чи хеле ки дар урфият мегӯянд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ҳадафҳои ғаразноку нопоки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш низ ба иҷро нахоҳанд расид. Агар Кабирӣ дар як рӯз давоми 24 соат ҳам баромад кунаду аз току аз боғ сухан кунад, беҳуда асту моро гумроҳ карда наметавонад. Зеро миллати тоҷик миллати гумроҳу содда нест, ки ба бофтаҳои хоинон дода шавад. Барои мо истиқлол ва сулҳ неъматҳои бебаҳост, ки баҳри ҳифзи он ҷон дареғ нахоҳем дошт.

Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ