​Хуштар зи ҳазор каъба бошад як дил...

Маҳфили таълимӣ-методӣ таҳти унвони “Нуқсоншиноси оянда” ин навбат дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус доир гардид. Ин ташаббус бахшида ба “Рӯзи ношунавоён” ба роҳ монда шуд.

Директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ профессор Шаропов Шавкат суханронӣ намуда, оид ба нозукиҳои касби нуқсоншиносӣ ибрози назар намуд.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳмонов Зикриё дар бораи усули омӯзиши “Алифбои панҷавӣ” ва “Имову ишора” барои шахсони ношунаво маълумот дода, мавзуъҳои “Рӯзҳои ҳафта”, ”Фаслҳои сол”, ”Ному насаб” ва “Тартиби рақам” – ро шарҳ дод.

Ҳадаф аз ин иқдом, пеш аз ҳама, мусоидат ба дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд бо роҳи тайёр намудани муттахассисони соҳаи нуқсоншиносӣ унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили “Нуқсоншиноси оянда”, ки наздиИнститути илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ амал мекунад, моҳе як маротиба баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ