ХУШХАБАР: ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 7–8 майи соли 2026 Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар ҳамоиши тантанавии натиҷагирӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро иштирок намуда, ғолибонро бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардониданд.
Олимпиада аз рӯйи ду равия – фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор гардида, донишҷӯён аз ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисӣ ва русӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, математика, физика, химия, биология, информатика ва дигар самтҳо ширкат варзиданд.
Дар Олимпиадаи бонуфуз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла:
– Разоқов Абдуҳаким, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика-математика, дар бахши физика соҳиби ҷойи якум гардид;
– Разоқов Шоҳмурод, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси биология-химия, дар бахши биология ва экология ҷойи дуюмро ишғол намуд;
– Ҳасанова Шоира, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, дар самти мазкур ҷойи дуюмро соҳиб шуд;
– Олимова Фараҳноз, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси математика, ҷойи сеюмро ба даст овард.
Ин дастовардҳо бозгӯи сатҳи баланди омодагии донишҷӯён, маҳорати касбии омӯзгорон ва фаъолияти самараноки муҳити илмии Донишгоҳ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сурат гирифта, бо маросими қадршиносии ғолибон ва барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ғолибон ва омӯзгорони онҳоро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, барояшон дар роҳи илмомӯзӣ, фаъолияти илмӣ ва фатҳи қуллаҳои нави муваффақият комёбиҳои бештар орзу менамоянд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”