Худо аз беватандорӣ нигоҳ дор!
Рӯзҳое, ки фаромушнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Хабари даргузашти саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич нашр шуд.
Бархе аз ҷонибдорону пайравони террористон даргузашти як террорист, ҷинояткор ва хиёнаткорро гӯё ба шаҳодат расидани ӯ унвон медиҳанд.
Имрӯзҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвакта авҷ гирифта дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, беқарорӣ,гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич ҳамчун душмани миллат қариб буд, ки Ватани мо Тоҷикистонро пароканда намояд. Одами бад ба муроду мақсад намерасад ё ин, ки гуфтаанд «Бори каҷ ба манзил намерасад». Оромиву осудагӣ ба масъулияти ҳар як сокини ватандор вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, нозу неъмат фаровон гардад, меҳру муҳаббати мардум бо якдигар зиёд мегардад.
Ба мардуми сулҳхоҳу ватанпарвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба суханони ҳар гуна нохалаф ва пучи ин гуна бешарафон ба монанди Мамадбоқиров Мамадбоқир бовар накунанд!!!.
Аз забони шоир ба фарзандони шарафманд, ҷасуру далер гуфтаниям:
Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест,
Ба фарзандони бонангу вафодор.
Чу шахсе бе кафан мирад ғаме нест,
Худо аз беватандорӣ нигоҳ дор.
Ватани тинҷу ором ба ҳар як фарди мусулмони Худотарс азизу мӯътабар аст ба мисли модар. Ин меҳани худро бояд дӯст дорем. Мо сокинони Ватане, ки сол то сол симои худро дигар карда истодааст, бифахрем ва аз Пешвои худ ифтихор намоем. Ба қадри сарвари давлат бояд расем. Мо сокинони кашвар ҳамеша даст ба дуо мекунем, ки Сарвари хирадмарди миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рӯи минбарҳои олам равшанӣ бахшад.
Гурдофариди Рустам – омӯзгор, таҳлилгар