Худдорӣ аз иғвоангезӣ!
Ба амал омадани низоъ ва муноқишаҳои нав ба нав дар минтақаҳои ҳамсарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон заминаи маишӣ, яъне муносибатҳои бевоситаи мардуми оддии ҳарду ҷонибро доро мебошад. Вале, мардуми оддии маҳалҳо тӯли солҳои зиёд бо ҳам рафтуо ва муносибатҳои ҳамсоягӣ доштанд, ки ҳеҷ вақт боиси низоъ шуда наметавонист. Низоъҳои бавуқӯъомада бевосита ба амалҳою гуфторҳои муғризонаи гурӯҳи муайяни иғвоангезу дасисабоз такя менамоянд. Ин тоифаи бадкина бо сафсаттаҳои бофта, баҳонаҳои беасосу бардурӯғ мардумро гумроҳ намуда байни онҳо тухми кинаю адоват корида истодаанд. Мутаасифона, ба ин бадгуфторон ҳатто ҳукуматдорони расмӣ низ шомиланд. Ҳарзагӯию ҳангоматалабии роҳбари мақомоти амнияти кишвари ҳамсоя Камчибек Тошиеву гурӯҳи вакилони парлумон амри воқеист ва ҳоҷат ба баёни ному насаби онҳо нест. Зеро, тӯли давраҳои охир ин муғризони чаласавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ бӯҳтону васвасаи лаққии худро муаррифӣ кардаанду ҳамагон огоҳи мавқеи дурӯяи онҳо мебошанд. Дар сари мизи гуфтушунидҳо як сухан мегуянду Созишномаҳои тарафайнро имзо мекунанд, аммо баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ғайбат оғоз менамоянд.
Дурӯягӣ, ноустуворӣ ба аҳду паймон ва хислатҳои дигари К.Тошиев бо ҳаммаслакони аблаҳаш боиси сарзании низоъҳои нав ба нав мешаванд, ки натиҷаи гумроҳсозии мардуми оддӣ бо даъвату нидоҳои бешармона мебошад. Алалхусус, ислоҳи ҳуҷҷатҳои таърихии мавҷуда (харитаҳою қарорҳо) аз ҷониби нафарони масъули давлатдории ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон нишонаи бесарусомониҳо дар ҳайати роҳбарияти онҳо мебошад, ки дасисабозон аз он бомаҳорат истифода мебаранд. Мардумро гумроҳ карданду аҳолӣ дигар ба роҳбарияти давлат эътимод надорад, ки имзои гузоштаю даъвати сулҳи онҳоро намепазирад.
Мебояд ҷониби муқобил сабуриву таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба анъанаҳою манфиатҳои миллӣ ва ҷабҳаҳои дигари инсондӯстиву тамаддун аз ҳамсоягонии худ омӯзанд. Дарк намоянд, ки бо шери жаён нашояд бозӣ кард, гарчанд собир асту дили бузург дорад. Агар зарур гардад бо панҷаҳои бузургаш рақибро пахш менамояд. Бинобар ин нашояд шерро бадхашм кадану ғазаби онро бедор сохтан!
Беҳтараш аз иғвоангезию дасисабозиҳо худдорӣ намоеду шерони содиқу фидокорони тоҷикро ба ҷавоби сазовор маҷбур насозед. Вагарна ҳолатон табоҳ хоҳад шуд ва ҳамдунаҳо ба ҳолатон хоҳанд хандид!
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”