Хок намедиҳем!
Вазъи кунунии сиёсии ҷаҳон, ки пур аз низоъву муноқишаҳост, мардуми сайёраро ба таҳаллука овардаву буҳронҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоиро ба бор додааст. Дар як қатор давлатҳои дунё ба монанди Сурияву Лубнон, Украинаву Афғонистон оташи ҷанг солҳост хомӯш намегардад. Аз муноқишаҳои байни Руссияву Украина анқариб ду моҳ мешавад, ки алангаи ҷанг баланд аст... ҳар ҷониб худро ҳақ мешуморанд... ҳақ бар ҷониби онҳост! Зеро тоҷикистониён ин ҳама - аз низоъ то ба муноқишаву баъди он ҷанги таҳмилии бародаркушро солҳои дароз аз сар гузаронидаву хуб дарк намудаанд, ки оқибати ҳамаи ҷангу ҷидол танҳо харобиву вайронӣ ҳасту бас, боқӣ ҳеҷ....
Аз замонҳои қадим халқи тоҷик афкори пурарзишеро дорост, ки дар натиҷаи таҷрибаҳои бойи миллатсолори рӯи кор омадааст, ки мегӯяд: “Хона нахару ҳамсоя хар!”. Мутаассифона, сарзамини офтобии мо аз самти шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон анқариб 985 км ҳамсарҳадӣ дорад ва ин ҳамсоягӣ ба мардуми наздисарҳадӣ муаммоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Халқи қирғиз “обро лой мекунанд”-у тоҷиконро гунаҳкор сохта, бо амалҳои ноҷавонмардона муноқиша меофаранд ва гумон мекунанд, ки халқи тоҷикро бо хархашаву низоъ тарсонида, соҳибмулк мегаранд.... вале ҳайҳоти дунё, ки ин амалҳои муғризонаи онҳоро мардум ба хубӣ дарк намудаву ҳаргиз баҳри “ҳамсоя”-е макони ободи худро аз даст доданӣ нестанд! Муноқишаҳои апрел-майи соли гузашта собит сохтаанд, ки тоҷикистониён дар ҳалли ин масъала якдиливу мутаҳҳидиро пеша карда, дар ҳифзи марзу бум сина сипар карданд, ватандороне ҷон бохтанд, нафарони дигар захмӣ шуданд, вале халқи ситамгари қирғизро аз сарҳад дур сохтанд... Ҳамагон шоҳид будем, ки аз ҳар гӯшаву канор паҳлавонони ҳузарби Ватан ҳимояи марзро вазифаи ҷоноҷони худ ҳисобида, паҳлӯ ба паҳлӯ бо сарҳадбонони тоҷик дар амну ҳифзи ин Ватан буданд! Ин ҷо ҳамагон - халқи осоишта бо як овоз, бо ғурури миллӣ, ифтихори ватандорӣ шукри будани ҳимоятгарон кардему гуфтем, ки тоҷик ҳаргиз дигар ба ҷанги хонумонсӯз дучор нахоҳад гашт!
Вале, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки ҳамсояи кишвари мо ғамсояи ҳақиқиву ҳаргиз ба нияти нопоки худ даст заданӣ нест. Мушоҳидаҳои зиндагии мардуми наздисарҳадӣ собит месозанд, ки он чунон халқ аз найрангиҳои қирғизҳо безор шудаанд, ки ҳад надорад. Халқи тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ ҷангҷӯ набуду нест ва нисбати ин вазъият хело таҳаммулпазир аст. Вале аберагони чингиз ин таҳаммулпазирии мардуми моро сӯистифода намуда, ҳар санге пеш омад бар сӯи тоҷик ҳаво медиҳанд.
Бо таъкид ба халқи қирғиз гуфтанием, бале мо халқи сулҳҷӯ ҳастем, бале ваҳдатсаро! Аммо ҳеҷ гоҳ марзу бум намедиҳем! Сина сипар мекунем, ҷон медиҳем, вале ХОК НАМЕДИҲЕМ!!!!!
Шарифзода М.