Хоинони берӯ
29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати ислом ва аъзоёнаш ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ифротгароӣ ва паҳнкардани ахбори иғвоангезона, ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бароҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шуданд. Бо вуҷуди ин ба ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда наҳзатиён бозиҳои ифротиашонро давом дода истодаанд.
Чанде пеш тариқи ютуб муаррифии барномаи “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро пахш намуданд, ки басо хандаовар аст. Гӯё он барномае аст, ки мушкилкушои тоҷикон ва даъват ба дастгирии он карданд. Ҳой нодонҳо Шумо аввал Суруди миллии худро эътироф намоед баъд аз он дар бораи адолату озодиву ҳуқуқ сухан кунед. Сохтани барнома кори осон нест ва он заҳмати чандин мутахассисони соҳаро металабад. Он нафароне, ки дар муаррифии Барномаи “Паймони миллии Тоҷикистон” маъруза карданд ҷавононе, ки таҷриба надорандаз худашон бо гапҳои кучагӣ ҳарф мезананд. Онҳо худашон чандсола ҳастанд, ки дониставу надониста аз сиёсати мо сухан мекунанд. Миллати сарзамине, ки худашон таваллуд шудаандуба воя расидаанд “шармандагон”мегуянд. Шармандагони миллат ин шумоед, ки беру аз кишвари худ умр ба сар мебаред ва кору фаъолият мекунед. Касе, ки дилаш ба миллати худ месузад дар ҳаминҷо истода барои шукуфоии миллаташ хизмат мекунад. На чун саги дайду устухонхойи хоҷагони дигар мешавад.
Ҳар руз зи худат бипурс агар ту мардӣ
Ки имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.
Истиқлолиятро мо бо сарварии Пешвои миллати худ, ки ҷони худро дареғ надошта баҳри осудаҳолии халқаш ҷонбозиҳо кардааст ба даст овардем. На Шумоён. Шумоён фақат ғорат кардед, куштед гирифтеду рафтед. Шармандагони миллат.
Бетамизиҳои Кабирӣ аз сухан пайдо шавад,
Тарафдоронаш агар лаб во кунанд расфо шавад.
Биоишаи Назар