Хиёнат ба Ватан-бадкирдортарин хислат ва нобахшиданист
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рӯ ба рӯ шудааст, ки кӯшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот, ки дар ҷаҳони муосирро ба шашвиш андохтааст, таъсири ин амалҳои номатлубу дахшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандешава пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терорист ва тероризимро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Яъне террорист миллат Ватан мазҳаб надорад. Ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиғоти дуруғину бофтаи ғаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ аз он ҷумла Ҳизби Назҳати Исломӣ, ҳизб-ул-таҳрир, Ансоруллоҳ, ҷиҳодӣ исломӣ, толибон ва даҳҳо гурӯҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурӯҳҳои ғаразнок, ҷангҷӯ, харобкор, ғайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.
Дар ҳақиқат имруз миллати тоҷик бояд рузҳои сахтарине, ки аз сар гузаронидааст ҳеҷ гоҳ фаромуш карданамон даркор нест. Имруз мо бояд исбот карда диҳем, ки барои ба ин дараҷа омадан бо заҳмату, машақат ва ҷонфидоиҳову, қаҳрамониҳои фарзандони фарзони миллатии тоҷик буд, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон оқибатҳои хунрези ҷанги шаҳрвандӣ пешгири карда шуда, ин натиҷа бо бастани суҳл дар кишвар анҷом ёфт. Бинобар ин якпорчагӣ ва муҳофизати давлати азизамон қарзи шаҳрвандӣ мост.
Пахш гардидани филми “Хиёнат” дар шабакаи телевизонии Тоҷикиситон ва дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад буда. Имруз шаҳрвандони кишвар бори дигар симои риёкоронаи ТЭТ ҲНИ ва роҳбароне, ки ин ҳизбро солҳои сол идора кардаву аз номиИслом баромад мекунанд,лек амали онҳо зиддӣ дин ва шариати ислом мебошад. Воқеан аз тамошои ин филм бар меояд, ки баъзе хамватанони мо (онҳоро ҳамватан гуфтан ҳам нашояд) низ бар ҳар востиаю василаи хоҷагони хориҷии дохилии худ фирефтаи макру ҳиллаҳои гуруҳҳои ТЭТ ҲНИва ташкилотҳои террорисӣ шомил шудаанд ва ҳатто ба Ватану миллати азизи хеш хиёнати нобахшиданӣ кардаанд.
Аз соли 1992 то ин ҷониб садҳо ҷавонони аз тоифаҳои бешарафу. ӣенангу беномуси миллат, ки ному насаби онҳо дар расонахои хабарӣ ва намоишномаӣ “Хиёнат” бо суратҳояшон дарҷ гардиданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки афсус, ки чунин нохалафон, пастфтратҳо ва душманони дохилии Ватанамон вомехӯранд. Онҳо бо чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ яъне куштори бераҳмонаи шахсони барӯманди миллат даст зада ба халқу миллат иснод оварданд. Ин амали ваҳшиёнаи онҳо, яъне хиёнат ба ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат ба падар модар нобахшиданист. Бинобар ин шаҳрвандони кишвари азизамон хоҳиш карда мешавад, киаз тамошои филми “Хиёнат” барои худ як мактаби навро бунёд намоянд ҷавононро дар руҳияи худшиносию, худогоҳии миллии тарбия намуда, барои ояндаи миллат бетараф набошанд.
Дунё Азизӣ