Хешро бо дасти хеш ба дасти ҷоҳилон насупоред!

Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба имтиҳони сахту сангин рӯ ба рӯ шуд. Ҳоҷат ба зикри омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нест. Вале инро бояд махсус таъкид кард, ки барои амалӣ гардонидани нақшаву ҳадафҳои нопок гурӯҳҳои махсус талош варзиданд, то ки Тоҷикистон ҳамчун бозича дар дасти онҳо ва ё хориҷиёнашон бошад. Ҳақиқат зуд ошкор гардид. Маълум шуд, ки аъзои Ташкилоти экстремистиву террористии наҳзати исломӣ дар паси парда ва пинҳонкорона маккорона дар дохили Тоҷикистон чи тадбирҳои ғаразнокро анҷом доданд. Аз куштани мардуми одӣ, олимону донишмандони машҳур ва то амалҳои душманона ба Ватану миллат анҷом доданд, ки дар натиҷа, ҳазорҳо мардуми бегуноҳи тоҷик аз дасти ин нохалафон ҷон ба Ҷаббор супориданд. Онҳо бори дигар дар назди ҷомеа ва давлату миллат исбот намуданд, ки чи ҳадаф доранд? Чӣ гуна мафкураи ҷавонони моро мағзшӯӣ намуданд? Ин ва дигар амалҳову тири нопоки онҳо ба замин хок хӯрд.

Чун радди маъракаву берун аз Тоҷикистон шуданд, пас то ҳанӯз аз хориҷи кишвар истода, сулҳи тоҷикон ва дастовардҳои онро нодида мегиранд, ба қадри сулҳу ваҳдат нарасида мардумро ба амалҳои ношоиста даъват менамоянд...

Мисоли равшан барномаи онлайнӣ ва мустақими “Минбари муҳоҷир”, ки аз ҷониби аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин пеш бурда мешавад, пур аз дашному суханҳои кӯчагиву фаҳш ва ба замин яксон донист, ки дар назди ҷомеа заррае қадру манзалат надорад. Зеро ӯ на танҳо дар назди мардуми тоҷик, балки барои хориҷиён низ объекти ханда аст... Ин барномаҳо мавзуъ, ҳадаф ва нақшаи муайян надоранд...

Пас аз ҷавононе, ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд, дар сӯҳбату пайвастшавӣ дар барномаҳои иғвоангез худдорӣ намоянд, аз гузоштани лайк, ки борҳо таъкид менамоянд, эҳтиёткор бошанд ва хешро бо дасти хеш ба дасти ҷоҳилон насупоранд.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ