Хатти батлон ба ҳаёти ҷавонон

Хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ дар олами муосир яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Мавриди зикр аст,ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад, зеро ин равандҳои номатлуб дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта, ба қисме аз онҳо нашъаву ҳар гуна доруҳо гузаронда, аз худ бехудашон мекунанд ва барои татбиқи нақшаҳояшон истифода мебаранд. Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳои ба Сурия рафтаву даст ба сина зада “мо ҷиход мекунем» гуён аз тарики шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онҳо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд ё нашъаманд.Онҳое, ки аз ин кирдор дур будаанд, пас ба он ҳад содда будаанд, ки тавонистанд ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустакилияташон маҳрум гарданд. Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд. Онҳо медонанд, киҷавонон хоҳ нохоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътикод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин ру шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашад. Ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дуруғи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд, ҳадафҳои ғаразноки онҳоро амалӣ гардонанд ва ба ҳаёти гул гул шукуфони худ хатти батлон зананд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расондааст, реш-реш мекунад? Ҳол он ки дини ислом одитарин шиканҷаро ба кас раво намебинад. Тавре гуфта мешавад, ҳар ки хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошад.

Ташкил намудани вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқу қоид ба пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар муассисаҳои таълимӣ бештар ба роҳ монда шавад. Гарчанде, ки пешгирии ин амалҳои номатлубро кормандони ҳифзи ҳуқуқ бар душ доранд, лекин ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешгирии ҷавонон аз гуруҳҳои ифротгароӣ гузорад. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузарондан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд. Зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ва пайравӣ кардани ҷавонон ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳои интернетианд, ки боиси вайрон шудани мафкураю рӯҳияи онҳо мегардад. Дар натиҷа бадхашму гапногир шуда, ҳурмати волидайнро ба ҷо намеоранд. Ба дарсҳо беаҳмиятӣ карда, ба сомонаҳои интернетӣ пайваст мешаванд. Сомонаҳои интернет барои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ сарчашмаи асосии заҳролуд ва ба доми худ кашидани ҷавонон маҳсуб меёбанд. Маҳз тавассути интернет бисёр ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои тундрав шомил гардида, побанди хоҷагони бегона шуда, умри ҷавони худро баҳри манфиятҳои ҷоҳу ҷалолхоҳон беҳуда хазон месозад.

Ҷаҳони имрӯзаро насли ҷавон бо пешравию тараққиёти технология тасаввур менамояд. Аммо истифодаи техника ва технология аз ҳар шахс маърифати оқилона истифода бурдани онро талаб менамояд. Зеро имрӯзҳо нафароне вомехӯранд, ки пешравии технологияҳоро, аз ҷумла шабакаҳои интернетиро барои амалҳои муғризонаи худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб мешавад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бар зидди гурӯҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором созанд, мубориза баранд, зеро имрӯзу ояндаи миллатро ба ғайр аз худи шаҳрвандони ватандӯсту соҳибмаърифат, хештаншиносу худогоҳ касе бунёд ва обод наҳоҳад кард.

Муъҷизаи беназири таърихӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони кишвар дар фазои орому осоишта ба сар мебаранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо, насли имрӯз, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯш гирифтаем, бояд ҳамеша муттаҳид бошем, ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварем ва баҳри рушду такомули мамлакатамон саҳм гузорем. Вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҳакимова Зумрадхон Абдуҳафизовна - дотсенти кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ