​Хатарҳои терроризм ва экстремизм ба амният ва суботи ҷомеа

Терроризм ва эктремизм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Мафҳуми калимаи “Терроризм” - ро агар омӯзим, ин калимаи лотинӣ “teror” сарчашма гирифта мазмуни даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс, ҳарос таҳдид карданро дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 апрели2000-ум сол дар Конфронсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар Вена оиди «мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» аз он ҷумла терроризм қайд намуда буд, аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оиди терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзид. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва икдоми оқилона амали намуда бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Ӯ қайд намуд, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон баистиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлатӣ демократии дорои иктисодӣ, бозоргони пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани кувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромииҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ин ҷараëни бонизоми ислоҳотрохалалдор месозад.

Таҳлили сабабу шароити содиршудани амалиёти терроризм дар дар мамлакати мо нишон медиҳад, аксариятизаминаиэкстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиëсӣ содир шудаанд. Одатан, ашхоси шинохта, ходимони сиëсӣ, олимон, низомии нерӯҳои ҳомии сулҳ дар рӯзноманигорон, хизматчиёни Тоҷикистон ҳадафҳои сӯикасд қарор мегирифтанд.

Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид ки террористонибайналмилалӣзери ливои экстремизми сиёсӣ ва таасуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Тоҷикистон тарафдори чунин нуқтаи назар аст, ки мубориза алайҳитерроризм аз масъалаҳои умумӣ мебошад, ки башарият имрӯз ҳам ба онҳо дучор омадааст. Мо терроризм ва экстремизмро бо тамоми шаклу зуҳуроташ маҳкум менамоем ва чунин мешуморем, ки амалиёти тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар роҳи решакан кардани ин шарр дар сатҳи ҷаҳон, минтақа ва миллӣ зарур аст.

Мушоҳидаҳои байналмилалӣ қаблан роҷеъ ба ин масъала имзошуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ баррасӣ менамоянд.

Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада,ҳамзамон терроризми байналмилалӣ дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгири намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод карданӣ мешавад.

Ба назари мо дар амал татбиқ намудани ин ва пешниҳодҳоидигаре, ки дар ин ҷамъомад оиди масъалаи мубориза ба муқобили терроризм бамиён гузошта мешаванд, муқаррар намудани шаклу усулҳои самарабахшиҳамкории давлатҳо дар соҳаи ба роҳ андохтани муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ҷиноятҳои минтақавӣ иқдоми муҳим гардида метавонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30-уми апрели соли 2001, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон қайд намудаанд, ки яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳиме, ки дар назди мақомотиҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва умуман ҷомеа истодааст, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва пеш аз ҳама ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм ба ҳама навъҳои зуҳуроти он ва дар маҷмӯи таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Торафт таҳким ёфтани суботи ҷамъиятию сиёсй, ошкор шудани як қатор гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати иҷрои фармонҳои Президент, ҳамчунин гузаронидани дигар ҷорабиниҳои муайян, ки ба мустаҳкам намуданиқонуният ва тартиботи ҳуқуқӣнигаронида шудаанд, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ натиҷаҳои мусбат дода истодаанд.

Аз касе пўшида нест, ки ҷинояткории муташаккил ва хусусан терроризм ба яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ табдил ёфтаааст. Ин проблема, ки ҳоло характери трансмиллиро ба худ гирифтааст, на танҳо сокинони мамалакати моро, балки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳаминро бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти комил бо як қатор мушкилоти глобалӣ дучор омад, ки терроризм, экстремизм, диверсия, гаравгонгирӣ, одамдуздӣ аз қабили онҳо буда, тибқи Конститусия ва мутобиқи қонуни ҷиноӣ бар зидди асосҳои сохтори давлатӣ, озодии шахс ва шаъну шарафи шаҳрвандон равона шуданд ва тасодуф нест, ки қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навъи ҷиноятро ба категорияи ҷиноятҳои маҳсусан вазнин мартбут доштааст.

Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки бисёр кишварҳо дар остонаи солҳои 70 - ум ва 80 -ум саҳнаи амалиётҳои фаъолонаи ҷиноятии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст гардид, ки дар амалиёти онҳо тамоюли мушаххаси террористӣ мушоҳида мегардид. Пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст, пеш аз ҳама ба бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ, якбора паст гардидани сатҳи зиндагии табақаҳои ҷудогонаи аҳолӣ, моҷароҳои миллӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва наҷодӣ марбуд аст.

Замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва авзои ҷамъиятию сиёсӣ муташанниҷ буд, тундравони мазҳабӣ ва террористон ба қатли одамон, ғорати молу мулки онҳо, тахриби даҳҳо корхонаю ташкилотҳо, муассисони фарҳангӣ даст заданд. Аз тариқи террор тундравон намояндагони аҳли фарҳанг ва мақомоти давлатии кишварро ба қатл расониданд. Масалан: Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, академик М.Осимӣ, вакилони парлумони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон М. Назаршоев, Олимов А, Кенҷаев С, М. Шералиев, олимони шинохта Ю.Исҳокӣ, Ғуломов М, муовини сарвазири ҷумҳурӣ И.Назриев, хабарнигорони шинохта М.Олимпур ва Д. Раҳмоналиев инчунин теъдоди зиёди чеҳраҳои шинохтаи кишвар аз дасти террористон ба қатл расиданд.

Аз рӯи моҳияти худ терроризм яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини даврони муосир буда на танҳо характери миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Чун қоида амалҳои террористӣ метавонад, гуногунранг бошанд, аммо ҳамаи онҳоро ду унсур муттаҳид месозад. Терроризм, қабл аз ҳама ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳоли ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, беҳимояти бо роҳи фишору зӯроварӣ равона карда мешавад. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Боз Эмомалӣ Рахмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буд: «Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амали мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гаштааст, дастгирӣ менамояд. Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем.».

Терроризм аз иқрори ростинӣ ҷиддияти масъала то даъвати мубориза бурдан ба он, бахусус аз сӯи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва як қатор ташкилотҳои давлатӣ аз ҷумла институтҳои ҳифзи ҳуқуқ, муҳокимаву қазовати мухолиф ва радикалиро ба бар меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии ҳуд мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморад ва эҳтиром менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида баҳшида дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар пешбинӣ шударо муқаррар менамояд ва барои риояи онҳо кафолатҳо муаиян кардааст. Ин меъёри конститусиони амали бевосита дошта иҷрои онҳоро давлат Таъмин менамояд. Қонунгузории Ҷумҳури муқаррароти Конститутсияро инкишоф дода, воситаҳои мушаххаси таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки нисбати терроризм, ки воситаҳои инсонро ривоҷ дода, баҳри амали онҳо чораҳо андешад.

Барои мубориза бурдан бар зидии терроризм, бояд ҳамаи давлатҳо мувофиқи шартнома якҷо амал намоянд, барои он ки дар давраи муосир ин масъалаи умумиҷаҳониро дарбар мегирад. Мо бояд бар зидди ҳамаи он мамониятҳо, ки садди роҳи пешрафти ҷамъияти мо ҳастанд, мисли қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон, хариду фурӯши одамон, терроризм муборизаи беамон барем.

Шерматова Н.Н. – муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ