Хатари терроризм ва экстремизм
Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.
Қурбонии терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Мо, ҷавонон зиракии сиёсиамонро аз даст надода, ҳадафҳои гурўҳҳои ифротгароро омӯхта, барои дафъи он кўшиш кунем то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Тоҷикистон давлати ҷавонон аст. Ва ин ифодагари он аст, ки ҳукумати кишвар ба қувваю иродаи мо, ҷавонон эътимоди комил дорад. Бинобар ин насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда бояд аз паи омӯзишу тадқиқ бошем. Оқибатҳои манфии зуҳуроти номатлуб ба ҳамаамон аён аст. Дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону мо, ҷавонон ва ҷалб ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Мукаррамхон САЙДАЛИЕВА,
донишҷӯи курси 3-м донишгоҳ