Хатари экстримизм ва терроризм ба тарбияи ахлоқии ҷавонон

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

Ба ин масъала борҳо Пешвои миллати мо чӣ дар суханрониҳои хеш дар дохили кишвар ва чӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар ҷустуҷӯи роҳу равишҳои хоси муқовимат ба ин вабои аср ба шоистагӣ изҳори назар намуда, иброз медоранд, ки , “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ва аҳли зиё, мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳми ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Тоҷикистон ҳам, узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Бесаводӣ, ҷаҳолат ва ҳурофот таҳдид ба амнияти давлат маҳсуб мешаванд. Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурустӣ муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд ва борҳо таъкид намудаанд, ки “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”

Аз ин хотир наврасон ва ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ бояд тарбият намуд, зеро худогоҳӣ аз бедории миллии ҷавонон ба миён омада онҳоро ба сўи ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, ҳамватанони азиз тарбияро аз оилаи худ оғозу пурзӯр намуда, ҷавононро, ки насли ояндаи ҷомеаи мо ба шумор мераванд, ба ин роҳи пурхатар роҳ надиҳем, бигзор илм омӯзанд васамти ободонию созндагии Ватанро пеша кунанд.

Шарипова М.М., сармуаллими кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ